Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои «Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 02.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои «Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласаи Шӯрои мазкур тариқи онлайн баргузор шуда, дар он аъзои Шӯро аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази робитаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм иштирок менамоянд. Онҳо бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил доранд, онлайн (мустақим) суҳбат намуда, мушкилот ва дастовардҳои донишҷӯёни тоҷикро дар давлатҳои хориҷӣ баррасӣ менамоянд.
Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 таъсис ёфтааст. Ҳоло маҳфили мазкур дар 15 давлати дунё намояндагии худро таъсис додааст. Шумораи аъзои маҳфиле, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил доранд, беш аз 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Онҳо пайваста дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи ҷумҳурӣ барномаҳои гуногун доир менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






