Дар Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тӯби дастӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тӯби дастӣ оғоз гардид.
Чемпионати мазкур байни калонсолон (мардон) доир шуда, дар он иштироки 8 даста аз ВМКБ, Хатлон, Суғд, минтақаи Ҳисор ва шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тӯби дастӣ бори аввал дастаи вилояти Суғд иштирок менамояд.
Мусобиқа 4 рӯз дар толори варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ идома ёфта, 18 апрел ҷамъбаст мегардад.
Ғолибони чемпионат сазовори унвони Чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 гардида, беҳтаринҳо аъзои дастаи яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тӯби дастӣ мегарданд.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






