Дар Душанбе якумин Намоишгоҳи муассисаҳои таҳсилоти олии Полша оғоз гардид

Апрель 30, 2019 14:10

ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе якумин Намоишгоҳи муассисаҳои таҳсилоти олии Полша ва Агентии мубодилаи академикии Ҷумҳурии Полша (NAWA) оғоз гардид.

Намоишгоҳи мазкур бо даъвати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Полша дар Тоҷикистон баргузор гардида, дар он намояндагони 16 муассисаи таҳсилоти Ҷумҳурии Полша иштирок доштанд.

Дар оғози ярмарка  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пётр Ивашкевич, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ва намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои Полша ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни боздид аз Намоишгоҳ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сайфиддин Давлатзода ба хатмкунандагон иброз намуд, ки онҳо имкон доранд дар ин намоишгоҳ, ки се рӯз идома меёбад, бо шароити муассисаҳои таҳсилоти олии Полша ва ихтисосҳои пешниҳодгардида шинос шаванд.

Сайфиддин Давлатзода бо намояндагони донишгоҳҳои Полша суҳбат намуда, ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ даъват кард, ки аз фурсати муносиб истифода намуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар метавонанд як зумра созишномаҳоро вобаста ба табодули донишҷӯёну омӯзгорон, баргузории конфронсҳои муштарак ва анҷом додани корҳои илмии муштарак ба имзо расонанд.

Директори Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Исматулло Шодиев зикр намуд, ки намоишгоҳи имрӯза ихтисосҳоро дар зинаи бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзӣ ба довталабон пешниҳод кардааст ва шаҳрвандон метавонанд дар ин ҳамоиш иштирок намуда, дар ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурӣ таҳсил намоянд.

Исматулло Шодиев гуфт, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат афзалиятҳоро бештар ба ихтисосҳои техникӣ равона кардааст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз кӯшиш менамояд, ки дар соҳаи техникӣ мутахассис омода намояд, то онҳо тавонанд ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошанд.

Ноиби Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба ҳамкории байналмилалӣ Хаёл Бобоев иброз намуд, ки баргузории чунин намоишҳо барои ҷавонон имкони хуби таҳсил дар хориҷи кишварро фароҳам меорад. «Мояи ифтихор аст, ки имрӯз барои ҷавонон чунин имкониятҳо вуҷуд дорад. Ҷавонони болаёқат ва забондон метавонанд дар давлатҳои абарқудрат таҳсил намуда, ҳамчун мутахассисони варзида ба халқу миллат хизмат намоянд»,- гуфт Хаёл Бобоев.

Мавсуф иброз намуд, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон имрӯз бо донишгоҳҳои технологии шаҳри Силесия, Гданск ва Кракови Полша шартномаи ҳамкорӣ дорад. Тибқи он донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳ ба ин донишгоҳҳо барои коромӯзӣ ва табодули таҷриба фиристода мешаванд.

Зикр гардид, ки ҳоло зиёда аз 800  нафар донишҷӯёну омӯзгорони тоҷик дар Ҷумҳурии Полша ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Апрель 30, 2019 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид