Дар Хуҷанд машқи мукаммал оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода доир гардид

Апрель 20, 2019 10:10

ХУҶАНД, 20.04.2019. /АМИТ Ховар/. 19 апрел дар маркази Суғд- дар майдони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани омодагии ҳайати шахсии комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, комиссияи эвакуатсионӣ, инчунин муайян намудани омодабошӣ ва маҳорати касбии ҳайати шахсии ҳамаи мақомоти дахлдор бо эълони «Бонги хатар» машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода доир гардид.

Чуноне ба АМИТ «Ховар» масъули дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфзод иттилоъ дод, раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр Маъруф Муҳаммадзода баъди гузориши сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр бо вазъи омодагии иштирокдорони машқ ва техникаи сафарбаршуда шинос  шуда, доир ба оғози машқ ба муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода гузориш дод.

Сипас, иштирокдорони машқи мукаммал ба сӯйи баргузории чорабинӣ- маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳр ҳаракат намуданд.  Дар маҳаллаи мазкур, дар бинои таълимии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон донишҷӯёну устодон фаъолияти худро дар сурати ба амал омадани заминларзаи 6-7- балла ба маъраз гузоштанд. Ҳамзамон сохторҳои гуногуни ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи шаҳрӣ ҳангоми ба амал омадани заминларза нишон дода шуд.

Баъдан, иштирокдорони машқи мукаммал аз хаймаҳои наҷотдиҳӣ, ки дар бозори «Деҳқон»-и шаҳри Хуҷанд таъсис ёфта буданд, дидан намуданд. Дар комбинати шири шаҳри Хуҷанд низ доир ба бартараф намудани сӯхтори баамаломада, наҷотбахшии зарардидагон аз моддаҳои кимиёвӣ, дастгир намудани ҷинояткорон амалиёт намоиш дода шуданд.

Дар анҷоми машқи мукаммали зернизомӣ  раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд баён дошт, ки баргузории чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиа ва таъмини амнияти аҳолии шуморида шуда, машқи имрӯза тибқи нақшаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон сурат гирифт.

Гуфта шуд, ки машқҳои мукаммал дар се марҳила, яъне марҳилаи аввал- хабардоркунӣ, дуюм ташкили корҳои пешгирӣ ва марҳилаи сеюм ташкили кор оид ба барқарорсозии иншооти зарардида ва бартарафкунӣ гузаронида шуда, дар машқ зиёда аз 1000 нафар аҳолӣ иштирок карданд. Дастаи махсуси наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ҷараёни тахлияи аҳолиро дар ҳолати фавқулода нишон доданд. Илова бар ин, иншооти мудофиаи гражданӣ ва дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳр низомҳои огоҳсозии пешакӣ дар ҳолати фавқулода ё таҳдиди он низ санҷида шуданд.

Дар интиҳо ба чанд нафар фаъолони машқ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Апрель 20, 2019 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад