Дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳдудияти мавсимӣ роҳандозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо дарназардошти фаро расидани мавсими гармо, шурўъ аз 1 май то 31 августи соли равон дар сурати аз 25 дараҷа зиёд будани ҳарорати ҳаво дар роҳи мошингарди Душанбе- Чаноқ маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, барои эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад.
Бояд тазаккур дод, ки чунин тадбирандешӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Ибтикори зикршуда муҳиму саривақтӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои рисолаташон собитқадам буда, бо дарки масъулият онро иҷро мекунанд.
«Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки аз оғози фаъолият инҷониб аз тарафи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» рисолати ба зиммадошта мунтазам, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуда истодааст. Дар ҳамин ҳол сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкат, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба вуҷуд омада, сабаби нигаронӣ гардидааст. Филиали Ширкат, ки барои давраи муайян нигоҳдории роҳи мавриди назарро ба зимма дорад, баҳри дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он мунтазам тадбир меандешад»,-гуфт Далери Абдулло.








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






