Дар шаҳри Бохтар фаъолияти 7 кошонаи ҳусн қатъ карда шуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар бинобар ҷой доштани камбудиҳои мавҷуда фаъолияти 7 кошонаи ҳусн то бартараф намудани камбудиҳо қатъ карда шуда, ҳамчунин нисбат ба 10 нафар кормандони ин коргоҳҳо санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва ба талабот мутобиқ гардондани фаъолияти онҳо вазъи кошонаҳои ҳусни шаҳрро мавриди санҷиш қарор дод. Дар ҷараёни санҷиш мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар кошонаҳои ҳусни шаҳр як зумра камбудиҳоро ошкор намуда, барои рафъи онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар дар баробари бурдани корҳои назоратию санҷишӣ, инчунин баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва риоя намудани қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо масъулин ва кормандони кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои стамотологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ низ мегузаронанд.
Бояд зикр намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ кормандони кошонаҳои ҳусни вилоятро ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифтаст.
То имрӯз беш аз 20 нафар мутахассисони соҳаи мазкур аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштанд.








Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






