Дар шаҳри Турсунзода 39 адад синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд

Апрель 17, 2019 16:04

 ТУРСУНЗОДА, 17.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар  шаҳри Турсунзода рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода гузаронида мешаванд. Мақсади асосии баргузории рӯзҳои мақомот баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии сокинон,  ба мардум фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Имрӯзҳо сокинони шаҳри Турсунзода баҳри  ободу хуррам гардонидани деҳот ба  корҳои созандагӣ машғуланд. Соли 2019 дар шаҳр дар доираи таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 иншооти дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ҳамчунин  бо дастгирии сокинон ва соҳибкорон дар деҳоти шаҳр  беш аз 184 км роҳҳо сангфарш  карда шуданд.

Тибқи иттилои масъулини раёсати маорифи шаҳри Турсунзода, барои бартарафсозии мушкилии нарасидани синфхонаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  сохтмони 52 синфхонаҳои иловагӣ идома дорад. Дар назар аст, ки то охири соли равон 39 синфхона  ба истифода дода шаванд.

Апрель 17, 2019 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд