Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон татбиқи чаҳор тарҳи ҳамкориро бо давлати Қатар оғоз намуд

Апрель 2, 2019 16:30

ДУШАНБЕ, 02.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ татбиқи амалии чаҳор лоиҳа миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон ва Кумитаи танзими кумакҳои хайрияи давлати Қатар оғоз гардид.

Тавре аз Кумита ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин лоиҳаҳо ба ҳалли масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони Кумитаи мазкур ва тавонмандиҳои техникии ташкили корҳои соҳилбандӣ равона шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин лоиҳаҳо бунёди студияи телевизионии хурд барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, харидории таҷҳизоти техникӣ барои Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ–радиометрӣ, ҳамчунин сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, зарфҳо барои нигаҳдорӣ, харидани техника ҷиҳати роҳандозии корҳои соҳилбандӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Татбиқи лоиҳаҳои номбурда натиҷаи сафари ҳайати Кумитаи танзими кумакҳои хайрияи давлати Қатар дар моҳи июли соли 2018 буд. Ин ҳамчунин марҳилаи муҳим дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Апрель 2, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад