Кумитаи омори ИДМ маълумоти нави шумораи доимии аҳолии кишварҳои Иттиҳодро нашр кард

Апрель 3, 2019 11:25

ДУШАНБЕ, 03.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ маълумоти нави шумораи доимии аҳолии кишварҳои Иттиҳодро нашр кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи омори ИДМ.

Мутобиқи ин маълумот, дар оғози соли 2019 шумораи аҳолии Озарбойҷон 10.0 млн, Арманистон – 3,0 млн, Беларус – 9,5 млн, Қазоқистон – 18,4 млн, Қирғизистон – 6,4 млн, Молдавия – 3,5 млн, Россия – 146,8 млн,   Ӯзбекистон – 33,3 млн, Украина – 42, 0 млн нафарро ташкил медиҳад.

Шумораи аҳолии Туркманистон (6,7 млн нафар) дар оғози соли 2016 ва шумораи аҳолии Тоҷикистон (8,9 млн нафар) дар ибтидои соли 2018 нишон дода шудааст.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, шумораи аҳолии Тоҷикистон аллакай аз 9 миллион нафар гузаштааст. 26 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе духтарчаи нуҳмиллионуми Тоҷикистон (ДАР АКС) ба дунё омада буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамон рӯз волидони тифли навзодро табрик намуда, ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур доданд, ки ин оиларо бо хонаи истиқоматии нав таъмин намояд. Ба модари тифли навзод Назира Муллоҷонова хонаи истиқоматии сеҳуҷрагӣ аз маркази шаҳр тақдим гардид.

Аҳолии кишвар, тибқи маълумоти расмӣ, ҳамасола 2,2% ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Тибқи барӯйхатгирии охирини аҳолӣ, ки соли 2010 дар Тоҷикистон гузаронида шуд, дар мамлакат 7,417 млн нафар сокинон ба қайд гирифта шудаанд. Барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамин тавр, ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи шумораи аҳолӣ миёни ҷумҳуриҳои ИДМ ҷойи 6-умро ишғол менамояд.

Маврид ба зикр аст, кишварҳое, ки ба ҳайати ИДМ шомил шудаанд, мақоми гуногун доранд.   Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Россия узви комилҳуқуқи Иттиҳод мебошанд.  Туркманистон мақоми узви шарикро, ки нақша дорад танҳо муносибатҳоро бо кишварҳои узви ИДМ ва Балтия рушд диҳад, гирифтааст. Молдова Оинномаро имзо накард.

Гурҷистон то соли 2009 узви Иттиҳод буд. Ба Созишномаи соли 1991 ҷумҳуриҳои Балтия напайвастанд. Украина, ки мақоми узви шарикро иҷро мекард,  расман ба он  ворид нашуд.

 

Апрель 3, 2019 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст