Маориф: хонандагони тоҷик аз Руминия бо 22 медал баргаштанд
ДУШАНБЕ, 25.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавии «INFOMATRIX-2019», ки аз 20 то 24 апрели соли равон дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор гардид, бо 22 медал баргаштанд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар олимпиадаи мазкур аз 46 давлати дунё 1016 хонанда ширкат варзида, 595 лоиҳа пешниҳод намуданд.
Ба иттилои манбаъ, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиада 28 нафар хонанда иштирок карда, дар ҷамъбасти он 22 медал, аз ҷумла, 4 медали тилло, 6 медали нуқра ва 12 медали биринҷиро сазовор гардиданд.
Аз ҷумла, хонандагони литсей-интернати Президентии барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби 10 медал, мактаби байналмилалии Президентӣ соҳиби 6 медал, муассисаи хусусии таълимии ба номи «Абдураҳмони Ҷомӣ» соҳиби 4 медал ва мактаби байналмилалии Душанбе соҳиби 2 медал гардиданд.
Иштирокчиёни олимпиадаро масъулин дар якҷоягӣ бо намояндагони васоити ахбори омма дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ботантана истиқбол намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз аввали соли 2019 хонандагони кишвар дар 10 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Беларус, Тайланд, Россия, Малайзия ва Руминия баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 131 медал, аз ҷумла 32 медали тилло, 23 медали нуқра ва 76 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 медал (11 медали тилло ва 42 медали биринҷӣ) зиёд мебошад.








Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд






