Мавсими 28-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол оғоз гардид

Апрель 8, 2019 08:50

ДУШАНБЕ, 08.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мавсими нави футбол байни дастаҳои Лигаи олии  Чемпионати Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат оғоз гардид ва дастаҳо аввалин дидорҳои худро дар мавсими 28-уми футбол баргузор карданд. Муфассал дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин Бӯриев гузориш медиҳад.

 Дар мавсими 28-уми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ мисли соли гузашта 8 даста иштирок мекунанд. Инҳо  «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), КМВА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) ва дастаи «Истаравшан» (Истаравшан)-ғолиби соли гузаштаи Лигаи якум мебошанд. Имсол ҳам Чемпионат дар се марҳила гузаронида мешавад ва дастаҳо 21 вохӯрӣ анҷом медиҳанд.

Барандаи медалҳои биринҷии мавсими соли гузаштаи Чемпионати Тоҷикистон — «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар даври аввал дар майдонаш КМВА «Помир»-ро қабул кард. Ба он нигоҳ накарда, ки КМВА «Помир» соли равон ҳайати худро бо футболбозони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон пурқувват кард, соҳибони майдон бо натиҷаи 2:0 ғолиб омаданд. Ду тӯбро Абдурасул Раҳмонов ба дарвозаи меҳмонон зад.

Дар бозии байни дастаҳои «Панҷшер» ва дастаи нави Лигаи олӣ- «Истаравшан» низ соҳибони майдон ба ғалаба комёб гардиданд. «Истаравшан» дар дақиқаи 2-юм баъди зарбаи Бахтовар Зокиров ҳисобро боз кард, аммо ин голи ниҳоят тез ба футболбозони «Истаравшан» кумак накард. Аввал Тулқинҷон Умаров-легионери ӯзбекистонии дастаи «Истаравшан» аввалин худголи (автогол) мавсими навро зада, натиҷаро  баробар намуд. Дар дақиқаи 2-юми вақти иловашуда Собирҷон Холматов тӯбро ба нишон расонд ва «Панҷшер» аввалин се имтиёзро соҳиб шуд.

Чемпиони соли гузаштаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе бозии хонагии худро бо «Регар-ТадАЗ» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор намуда, бо ҳисоби 4:1 пирӯз гардид. Барои дағал бозӣ кардан дар муқобили Муҳаммадҷон Раҳимов довар ба дарвозаи меҳмонон ҷазои 11-метра таъйин кард ва онро Фатҳулло Фатҳуллоев ба нишон расонд. Дар дақиқаи 30-юм голи Шерзод Маҳмадиев ҳисобиро баробар кард, аммо Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе ва Шериддин Бобоев бартарии истиқлолиҳоро боз бо се голи дигар ҷамъбаст карда, ба аввалин ғалабаи калони худ ноил гардиданд.

Соиҳиби медалҳои нуқраи мавсими соли гузашта –«Хуҷанд»-и Хуҷанд низ дар майдонаш ба комёбӣ ноил гардид. Ин даста «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Ягона тӯбро беҳтарин бозингари  ин вохӯрӣ Ҷаҳонгир Эргашев аз зарбаи пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Ба ҳамин тартиб, дар даври аввал 14 700 нафар тамошобинон дар варзишгоҳҳо бозиро манзур карданд ва ба бозингарон 9 корти зард ва як корти сурх нишон дода шуд. Мухлисони аз ҳама зиёд дар бозии байни дастаҳои «Кӯктош» ва КМВА «Помир» (7 000) ҳузур доштанд. Ду бозингар-Фатҳулло Фатҳуллоев ва Абдурасул Раҳмонов ба дарвозаи ҳарифон ду тӯбӣ заданд.

Даври дуюм рӯзҳои 11, 13 ва 14-уми апрел баргузор мегардад. 11 апрел «Истиқлол» дар шаҳри Ваҳдат бо «Хатлон», «Истаравшан»  бо «Хуҷанд», 13 апрел КМВА «Помир» бо «Панҷшер» ва 14 апрел «Регар-ТадАЗ» бо «Кӯктош» вориди рақобат мешаванд.

Апрель 8, 2019 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд