ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон борон меборад
ДУШАНБЕ, 22.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида боридани борони бошиддат дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят борон ва барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард шуда, рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида борон шиддат гирифта, раъду барқ ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Боридани жола низ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида борон шиддат гирифта, раъду барқ ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, боридани жола дар назар аст. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рўзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 2-7 ва рўзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад . Ҳаво шабона 9-11 ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.








Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






