ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
ДУШАНБЕ, 04.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони суст меборад. Ҳаво дар шарқи вилоят бебориш мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо ҳаво бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони суст меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барфи тар борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рўзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рўзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13-15 ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






