ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ борон борида, раъду барқ ба амал меояд

Апрель 30, 2019 08:15

ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда  шуда,  боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони бошиддат меборад.  Дар  ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф  дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 3-8  ва  рӯзона 10-15  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона  4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд.  Боридани  жола  низ дар назар аст. Дар  баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 3-8  ва  рӯзона  8-13  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар   ноҳияҳои доманакӯҳӣ  борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Боридани  жола низ дар назар аст. Дар  баъзе ноҳияҳои ҷанубии вилоят чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13  ва   рӯзона 11-16 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда мешавад.  Дар  баъзе ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ  борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал  меояд.  Дар  баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад.  Боридани  жола низ дар назар дошта шудааст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 14-19  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва  рўзона 10-15  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе тағйирёбанда мешавад. Дар  баъзе ҳолатҳо борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Жола  меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 10-12 ва рӯзона 16-18   дараҷа гарм мешавад.

Апрель 30, 2019 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд