ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ борон меборад
ДУШАНБЕ, 25.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят борони шиддатнок меборад. Дар шарқи вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона 4-9 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борони шиддатнок борида, раъду барқ ба амал меояд. Имрӯз боридани жола низ дар назар аст. Дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рўзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе абрнок шуда, борон меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






