Ҷоми КФО: ғалабаи нахустини «Хуҷанд» ва мусовии «Истиқлол» дар даври дуюми бозиҳои гурӯҳи «Д»
ДУШАНБЕ, 18.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи даври дуюми бозиҳои Ҷоми КФО дар гурӯҳи «Д» дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» «Дордой»-и Қирғизистонро бо натиҷаи 3:1 шикаст дода, нахустин ғалабаи худро дар ин мусобиқа ба даст овард. «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии сафарии худ дар Ашқобод дар баробари чемпиони Туркманистон – «Алтин Асир» қарор гирифта, натиҷаи мусовии 1:1-ро ноил гардид. Шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ шарҳ медиҳад.
Дастаи «Хуҷанд» таҳти роҳбарии сармураббии нави худ Виталий Левченко яке аз вазифаҳои мураккаби худ-ғалаба дар муқобили чемпиони Қирғизистон – «Дордой»-и Бишкек бо сари баланд иҷро кард. Ҳарчанд меҳмонон дар ин вохӯрӣ аввалин шуда, ҳисобро дар дақиқаи 17-ум тавассути голи задаи Бекҷон Сагинбаев кушоданд, аммо хуҷандиҳо бартариро ба меҳмонон дода, аз аксулҳуҷумҳо истифода бурданд. Бозингари соҳибтаҷриба Дилшод Восиев се дақиқа пеш аз анҷоми нимаи аввал муваффақ гардид, ки ҳисобро баробар кунад. Баъди оғози қисми дуввум дар дақиқаи 63-юм бори дигар Дилшод фурсати мувофиқро истифода бурда, тӯбро ба дарвозаи Павел Матияш равон кард. Дар дақиқаи 89-уми вохӯрӣ футболбозони Дордой дар назди даврозаашон ҳамлагари «Хуҷанд» -Дилшод Бозоровро зада аз пой афтониданд ва довар ба муҳофизатгари меҳмонон Азамат Бойматов корти дуюми зард нишон дода, ӯро аз майдон ронд ва ба дарвозаи «Дордой» ҷазои 11-метра таъйин кард. Ҷаҳонгир Эргашев моҳирона онро ба нишон расониду ҳисобро ба 3:1 баробар кард.
Дар дидори дастаҳои «Алтин Асир» ва «Истиқлол» дар варзишгоҳи «Копетдаг» ғолиб муайян нагардид. Дар нимаи аввал маҳорати хуби дарвозабони «Истиқлол» Никола Стошич имкон надод, ки «Алтин Асир» ҳисобро боз кунад. Се лаҳзаи голзаниро соҳибони майдон ба вуҷуд оварданд. Аммо ҳисоб он замоне кушода шуд, ки нишонзани беҳтарини соли гузаштаи мамлакат Шериддин Бобоев ба майдон омад. Дар дуюмин ширкаташ дар хати ҳуҷум ба ӯ муяссар гардид, ки хати муҳофизати «Алтин Асир»-ро дар ғафлат гузошта, бо зарбаи такрорӣ тӯбро ба тӯри дарвоза ворид намояд. Футболбозони туркман зуд ба ин гол ҷавоб гардониданд ва баъди 1 дақиқа –дар дақиқаи 80 тавассути зарбаи Салим Нурмуродов ҳисобро баробар карданд. Нисбат ба нимаи аввал футболбозони «Истиқлол» дар қисми дувум бозии зебо нишон доданд. Дар ҳуҷумҳои онҳо дигаргунӣ ба мушоҳида расид. Аз рӯи омор «Истиқлол» тақрибан 53 фоизи нигаҳдории тӯбро дар ихтиёр дошт. Дар тӯбрабоӣ бартарии «Алтин Асир» эҳсос гардид. Соҳибони майдон 8 ва «Истиқлол» 3 зарбаи кунҷиро ба иҷро расониданд. Ду маротиба истиқлолиҳо ва як маротиба «Алтин Асир» дар ҳолати ғайрибозӣ қарор доштанд. Ду бозингари “Истиқлол” Амирбек Ҷӯрабоев ва Искандар Ҷалилов огоҳӣ гирифтанд ва бозӣ бо натиҷаи 1 бар 1 хотима ёфт.
Баъди ин мусовӣ «Истиқлол» соҳиби 4 имтиёз гардида, дар зинаи аввал мавқеашро устувор кард. «Хуҷанд» бо се хол ба зинаи дуввум баромад.
Ҷоми КФО-2019
Минтақаи марказ. Гурӯҳи «D». Даври 2-юм
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон) – 3:1
Голҳо: Бекҷан Сагинбаев, 17 (0:1). Дилшод Восиев, 42 (1:1). Дилшод Восиев, 63 (2:1). Ҷахонгир Эргашев, 89 – аз пенальти (3:1).
«Хуҷанд»: Давид Купатадзе, Асилҷон Бегимқулов, Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Ахмедов (Торнике Джимшелеишвили, 55), Фирдавс Чақалов, Бахтиёр Чориев, Ойбек Абдуғаффоров, Дилшод Восиев (Дилшод Бозоров, 75), Ҷахонгир Эргашев, Комрони Мирзонажод, Турсуналӣ Рустамов.
«Дордой»: Павел Матяш, Мустафа Юсупов, Курсанбек Шератов, Азамат Байматов, Бекҷан Сагинбаев, Кайрат Жиргалбек, Фархат Мусабеков, Антон Землянухин, Вахит Оразсахедов, Артур Валикаев, Мирлан Мурзаев.
Огоҳӣ: Ҷаҳонгир Эргашев («Худҷанд»).
Аз бозӣ ронда шуд: Азамат Байматов («Дордой»), 88 – корти 2-юми зард.
Бозингари беҳтарин: Дилшод Восиев («Хуҷанд»).
Довар дар майдон: Срикришна Коимбаторе Рамасвами (Ҳиндустон).
Нозири доварон: Хидоят Момбени (Эрон).
Комиссари бозӣ: Мохаммад Саид Алхаттавӣ (АМА).
17 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 7200 тамошобин.
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 1:1
Гоҳо: Шериддин Бобоев, 79 (0:1). Селим Нурмуродов, 80 (1:1).
«Алтин Асир»: Мамед Орзмухамедов, Зафар Бабаҷанов, Мекан Сапаров, Алтинмурад Аннадурдиев, Селим Нурмурадов (Йелмурат Баллаков, 81), Мурат Яхшиев, Мурат Аннаев (Бегмурат Байов, 61), Расул Хоҷаев, Гурбангелди Батиров, Сердар Гелдиев, Беганч Аннагурбанов.
«Истиклол»: Никола Стошич, Ҷалил Кимсанов, Искандар Ҷалилов, Алексей Ларин, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев (Шериддин Бобоев, 74), Мухаммадҷон Раҳимов (Комрон Турсунов, 37), Эҳсони Панҷшанбе (Михайло Сакич, 66), Фатҳулло Фатҳуллоев, Руслан Корян, Алишер Ҷалилов.
Огогҳӣ: Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»).
Бозингари беҳтарин: Селим Нурмуродов («Алтин Асир»).
Довар дар майдон: Абдулла Али Алмаррӣ (Қатар).
Нозири доварон: Мҳсин Туркӣ (Эрон).
Комиссари бозӣ: Равишанкар Ҷаяраман (Ҳиндустон).
17 апрел. Ашқобод. Варзишгоҳи «Копетдаг». 11 300 тамошобин.









Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд






