Рашт: ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо мардум густариш меёбад

Апрель 27, 2019 11:16

ДУШАНБЕ, 27.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт  дар мавзӯи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ вохӯрии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар дар минтақа ва ноҳияи Рашт, генерал-майори милитсия Сафиалло Азизуллозода  бо мардум баргузор гардид.

Дар  ин бора  аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манба, С. Азизуллозода  доир ба  сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ  ва роҳҳои пешгирии  он ибрози андеша намуда,   бо пахши видео-роликҳо ин масъаларо шарҳу эзоҳ дод. Номбурда ҳамчунин   ба аҳолӣ ва имомхатибони масҷидҳо муроҷиат намуда,  даъват ба амал овард, ки дар таълиму тарбияи фарзандон бетараф набошанд ва онҳоро бо роҳи рост ҳидоят намоянд.

«Падару  модарон  ҳатто ҳангоми дар  муҳоҷирати меҳнатӣ будани  фарзандонашон    онҳоро беназорат набояд  гузоранд, зеро онҳо ҳанӯз  таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд ва зери таъсири ҳар гуна равияҳои бегона монданашон аз эҳтимол  дур нест», — илова намуд ӯ.

Мавриди зикр аст, ки пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти милитсия ба ҳисоб рафта, дар ин самт тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави   мамлакат бо мардум суҳбату вохӯриҳои манфиатбахш анҷом медиҳанд.

Апрель 27, 2019 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд