Рушди деҳот. Ин мавзӯъ мавриди баррасии иштирокдорони ҳамоише дар Душанбе гардид

Апрель 25, 2019 13:31

ДУШАНБЕ, 25.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони  «Масоили мубрами рушди деҳот дар Тоҷикистон: воқеият  ва дурнамо» ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, коршиносону таҳлилгарон   ва ниҳодҳои шаҳрвандӣ иштирок намуданд.  

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,   дар ҳамоиш  масъалаҳои муҳими марбут ба рушди деҳот, аҳамияти  эълон гардидани  солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун омили  пешрафти соҳибкории  занон,  вазъи сайёҳии деҳот дар Тоҷикистон, масоили умдаи рушди  имкониятҳои ҷавонони деҳот, мушкилот ва дурнамои вазъи маориф дар деҳот ва инкишофи базаи  меъёрии ҳуқуқии  рушди деҳот ва  вазъи татбиқи онҳо  матраҳ гардиданд.

Зикр шуд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумони Тоҷикистон бо мақсади рушди инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. Мусаллам аст, ки ҳадафи ин иқдоми Сарвари давлат  амалӣ намудани талошҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди  Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Гуфта шуд, ки  бо мақсади  рушди деҳот ва минтақаҳо,  баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ, рушди нерӯи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016  Кумитаи рушди маҳалли назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки рисолати  мақомоти мазкур рушди минтақаҳои мамлакат аст. Ҳамзамон дар самти рушди  маҳал ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар зарфи  солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 40 қонун таҳия ва қабул гардидааст.

Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон дигар масъалаҳои марбут ба  рушди деҳот  ва дурнамои онро муҳокима намуда, пешниҳодҳои судманд  намуданд.

Апрель 25, 2019 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ