ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 10 апрел, чоршанбе, 100-умин рӯзи соли 2019 аст
10 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об ба Ҷумҳурии Корея сафар карданд.
***
Дар ин рӯз, 10 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу мулоқот намуданд. Зимни ин вохӯрӣ муносиботи ояндаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дорои дурнамои густурда номида шуд.
***
6 сол қабл, 10 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Брюссел ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм МОЛТЕРЕР-ро ба ҳузур пазируфтанд.
10 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ.
***
Дар Озарбойҷон- рӯзи сохтмончиён.
РӮЙДОДҲО:
10 апрели соли 2012 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нуҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯз, 10 апрели соли 1919 дар Самарқанд аввалин шумораи маҷалла бо забони тоҷикӣ «Шуълаи инқилоб» ба нашр расид.
***
10 апрели соли 1930- оғози радиошунавонӣ дар шаҳри Душанбе.
***
4 сол қабл, 10 апрели соли 2015 ба иттилои Агентии миллии иттилоотии «Ховар» дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мири шаҳри вилояти Кёнсан-Пукто Кимом Кваном Йонго мулоқот намуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2015 дар Донишгоҳи давлатии геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе (МГРИ-РГГРУ) конфронси XII илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Тарҳҳои нав дар бораи Замин» баргузор шуд, ки дар он намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
***
Соли 1833 бори нахуст истеҳсоли гӯгирд оғоз гардид.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад