НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид

Март 23, 2026 12:30

ДУШАНБЕ, 23.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз дар таърихи мардуми тоҷик нақшу мақоми фарҳангию тамаддунӣ бозида, ба сатҳи ҷашни байналмилалӣ расидааст ва ба раванди ташаккули худшиносии миллӣ таъсири мусбат мерасонад. Наврӯз дар заминаи талаботи ҳаётии инсон ба вуҷуд омада, мазмуни сирф дунявӣ касб кардааст. Фарорасии фасли баҳор  ва ҷашнгирии Наврӯз падидаи умумибашарӣ гардидааст. Рисолати таърихӣ ва қудрати фарҳангэҷодкунии  ниёкони тоҷикон аст, ки Наврӯзро ба падидаи фарҳангӣ-маънавии созанда табдил додаанд, то ба ниёзу талаботи иҷтимоӣ, маънавию ахлоқӣ ва эстетикию ҷаҳонбинии фалсафии оламиён ҷавобгӯ гардида, онро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ бипазиранд.

Наврӯз ҷашнест, ки бевосита ба ҳаёти кишоварзӣ, касби деҳқонию ҳунармандӣ ва анъанаи шаҳрсозӣ, ободонию созандагӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Халқи тоҷик ба ҳаёти муқиминишинию тарзи хоҷагидории кишоварзӣ гузашта, созандагиро шуғли асосии худ медонист, омадани баҳорро ҳамчун фасли оғози ҳаёти нав, ҳаёте, ки саршор аз ободию хуррамист, пешвоз мегирифт. Чунин тарзи зиндагӣ, тарзи пайванди инсону табиат, фаъолияту амал ва касбу корро дар Наврӯзу Меҳргон ва Садаву Тиргон дарёфтан мумкин аст, ки руҳу мазмуни умумиинсонӣ доранд.

Дар байни ҷашнҳо Наврӯз қадимтарин ҷашн дар таърихи башар мебошад. Дар сарчашмаҳо доир ба пайдоиши Наврӯз маълумоти зиёд мавҷуданд. Муҳимтарин нукта он аст, ки пайдоиши Наврӯз ба масъалаи офариниш, арзи ҳастӣ кардани гардиши табиат, фасли баҳор, ки аҳаммияти ҳастибахшӣ ва умумиинсонӣ дорад, вобаста аст.

Наврӯз таърихи зиёда аз шашҳазорсола дорад ва куҳантарин ойини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст. Дар баъзе аз матнҳои куҳан, аз ҷумла, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Ат-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём шоҳ Ҷамшед ё  Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд.

Масалан, Берунӣ мегӯяд: «Он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд». (А. Берунӣ.  «Осору-л-боқия». Душанбе. 1990, с.-233). Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» Наврӯзро ҳамчун оғози соли мардуми Суғд ва ҷашни деҳқонону кишоварзон ҳисобидааст. (А.Наршахӣ «Таърихи Бухоро» Теҳрон. с.193-194). Салмони Форс низ дар мавриди ҷашни Наврӯз чунин гуфтааст: «Наврӯз рӯзи нахусти фарфардин (ҳурмуздрӯз) аз номҳои Худовандӣ ва бисёр муборак аст».

Дар замони Куруши Кабир Наврӯз ҷашни миллӣ эълом гардид. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии ҷову макон ва хонаҳои шахсӣ иҷро менамуд. Дар давраи Ҳахоманишиён, Ашкониёну Сосониён низ Наврӯз баргузор мешуд. Дар замони Дорои I маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мегардид.

Бояд тазаккур дод, ки фарҳанги Наврӯз ба масъалаи  ташаккули шуури экологӣ, ки ҳоло яке аз масоили муҳимми ҷаҳони муосир  аст, таъсири мусбат расонидааст. Фарҳанги Наврӯз покии ахлоқи ботинии инсон ва покии муҳити зистро таҷассум мекунад. Бо доштани чунин хусусият ҷашни Наврӯз аз қаъри асрҳо то ба имрӯз ёдгор монд ва ҳеҷ қуввае онро аз байн бурда натавонист. Наврӯз имрӯз арзиши дунявии умумибашариест, ки хусусияти фарҳангӣ-мардумӣ дорад ва ҳамчун арзиши миллӣ омили асосии ташаккули худшиносии миллӣ гардидааст.

Наврӯз сайри дарозои таърихиро аз сар гузаронида, таҳаввулу рушд ва ҳамчун  арзиши  миллию мардумӣ то ба сатҳи ҷашни умумибашарӣ расидааст. Он таҷассумгари чеҳраи миллии тоҷикон буда, дар байни халқу миллатҳои дигари ҷаҳон моро ҳамчун миллати хос муаррифӣ сохтааст. Он барои тоҷикон арзиши ҳуввиятсоз боқӣ монда, ба яке аз пояҳои устувори фарҳанги миллӣ  ва рушди худшиносии миллӣ табдил ёфтааст.

Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон ва расму оин буда, давоми мавҷудияташ арзишҳои фарҳангиву миллиро дар таркиби худ ҳифз кардааст. Миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди давлатдории Ҷамшед истиқбол намуда, бо шукуҳу ҷалоли хосса ҷашн мегирад.

Баъди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил карда мешавад, ки ба василаи баланд бардоштани ҳувият ва худшиносии миллии мардуми тоҷик ва ифтихор аз гузашта табдил ёфтааст.

Таҷлил ва гиромидошти Наврӯзу суннатҳои он пас  аз соҳибистиқлолиии   Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми пешина ва маснади аслиаш баргардонида шуд. Дар давраи Истиқлоли давлатӣ Наврӯз шукуҳи тоза пайдо намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «бовар дорам, ки аҳли зиёи мамлакат, олимону донишмандони ҷомеашиноси мо, аз ҷумла муаррихону мардумшиносон минбаъд ба омӯзиш ва таҳқиқи асолати таърихии ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, аҳли эҷод беҳтарин асарҳои худро ба ин мавзуъ мебахшанд ва нақши ҷаҳонии онро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити судманди тамаддунҳо боз ҳам равшану возеҳ месозан».

Фарҳанги Наврӯз баёнгари покии тану руҳ, назофати ҳаво, замин, об ва муҳити зист аст. Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз қодир аст ба ҳайси маҷмуи таълимоти нави сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, чун барномаи дӯстиву баҳамойии аҳли сайёра барои ҳалли масоили мубрами ҷаҳони муосир саҳм гузорад. Ба андешаи Пешвои миллат, «барқарор ва бунёд намудани роҳҳои иртиботӣ ва воситаҳои иттилоотӣ дар ҳавзаи фарҳанги наврӯзӣ ба таҳкими ҳамкории судманди иқтисодӣ ва равобити тиҷоратӣ дар байни кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард».

Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик мебошад. Наврӯз дар байни тоҷикон аз даврони бостон барҷой мондааст, ки ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад. Дар эҳё ва пайдо кардани ҷойгоҳи баланди давлатӣ ва байналмилалии ҷашни Наврӯз хидмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад. Маҳз бо ташаббуси ин шахсияти шинохтаи сиёсию фарҳангӣ ҷашни бостонӣ на танҳо дар сатҳи давлатию байналмилалӣ, балки дар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ботантана ва ба таври расмӣ таҷлил карда мешавад, ки шинохту дарки моҳияту муҳиммияти он амиқтар мегардад.

18 феврали соли 2010 иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз»-ро ба тасвиб расонид. Он маҳз бо пешниҳоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад. Соли 2016 бо қарори ЮНЕСКО ҷашни бостонии Наврӯз ба Феҳристи осори фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд.

Бояд гуфт, ки ҷашни Наврӯз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии умумиҷаҳонии созмони ЮНЕСКО, ки аз 28 ноябр то 2 декабри соли 2016 дар ҷаласаи ёздаҳуми байнидавлатии ЮНЕСКО доир ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, расман сабт гардид.

Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз чунин изҳори андеша намудаанд: «Дар фарҳанги мардуми мо ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба таври оммавӣ, бо иштироки хурду бузурги мардум доир мегардад».

Вожаи ориёӣ будани истилоҳи Наврӯз шаҳодат аз он медиҳад, ки тоҷикон дар саргаҳу сароғози фарҳангу таърихи тамаддуни башарӣ қарор доштанд. Фалсафа ё худ ҳикмати Наврӯз: пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек аст. Покӣ, некӣ, ростӣ, баробарӣ, тавозуну эътидол, эҳё шудан ва пирӯзӣ асоси фалсафаи Наврӯзро ташкил медиҳад.

Мардумони ҳавзаи Наврӯз ва дигар халқҳои олам дар симои Наврӯз ягонагии мероси фарҳангиву анъанаҳои бисёрасраро мебинанд. Наврӯз дар ҳамбастагӣ, ҳамзистӣ, рушд ва пайванди бештари муносибатҳои байни мардумони олам, таблиғи ғояҳои сулҳ ва ҳамҷаворӣ нақши арзишманд дорад.

Наврӯз дар фазои мусаффо, бо сулҳу салоҳ дар сарзамини куҳанбунёд ва Ватани бунёдии Наврӯз ҷашн гирифта мешавад ва ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои инсондӯстӣ, ҳунарпарварӣ, зебоидӯстӣ аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи шукуҳи Наврӯз чунин ишорат намудаанд: “Муҳимтарин хусусияти Наврӯз ин аст, ки ин ҷашн ба ягон воқеаи сирф қавмӣ, миллӣ ё минтақавӣ бахшида нашудааст ва падидаи фаромилливу фаромазҳабӣ буда, заминаҳои ҷаҳонишавиаш ҳанӯз то милод гузошта шуда буд”.

Дар таърихи фарҳанги мардуми ориётабор Наврӯз ҷашни фархунда ва азизу арҷманд аст. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин,  арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёкон мебошад. Ин аст, ки ҳар сол он бо тамоми шукуҳу шаҳомати хосса пешвоз гирифта мешавад ва соҳиби ҳикмати бузург буда, мардумро ба созандагӣ, зебоишиносӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ҳидоят менамояд.

Расул МАҶИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 23, 2026 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад