Таъмини бехатарии радиатсионӣ дар Шӯрои байниидоравӣ баррасӣ гардид

Апрель 23, 2019 16:31

ДУШАНБЕ, 23.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои байниидоравӣ доир ба таъмини бехатарии радиатсионӣ  баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Шӯро, намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Шӯрои байниидоравӣ доир ба таъмини бехатарии радиатсионӣ аз соли 2005 инҷониб фаъолият намуда, бо мақсади ба таври машваратӣ баррасӣ намудани масъалаҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ваколатдор, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ ташкил шудааст.

Дар ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ масъалаҳои вазъ ва ҳолати кунунии таъмини бехатарии радиатсионӣ, фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ин самт ва нақшаи минбаъдаи чорабиниҳо мавриди муҳокимаи ҳаматарафаи аъзои Шўро қарор дода шуд.

Директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳисоботи худ зикр намуд, ки корҳо дар самти таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2008-2019 идома доранд.  Дар ин самт масъалаҳои Созишномаи ҳошиявии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба солимгардонии партовгоҳҳои коркарди уран, лоиҳаи нақшаи Шӯрои байниидоравӣ доир ба таъмини бехатарии радиатсионӣ барои соли 2019 ва дигар масъалаҳои соҳавӣ низ мавриди муҳокимаи доимӣ қарор доранд. 

Баъд аз натиҷагирии вазъи кунунӣ муовини Сарвазири мамлакат оид ба амалишавии масъалаҳои ба нақшагирифташуда, андешидани тадбирҳои зарурӣ баҳри иҷрои мақсадҳои Шўро ва вусъат бахшидан ба фаъолияти минбаъдаи Шӯрои байниидоравӣ ҷиҳати таъмин намудани бехатарии радиатсионӣ дар қаламрави кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода, вобаста ба ҳар як мушкилот қарорҳои дахлдори протоколӣ қабул намуд.

Апрель 23, 2019 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!