Тандурустӣ: муассисаҳои ин сохтор дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 75 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ таъмин гардиданд

Апрель 24, 2019 10:47

ДУШАНБЕ, 24.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   тасмим гирифтааст, ки давоми  соли  равон муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳуриро бо зиёда аз 75 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ, аз ҷумла, муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо 7 адад  чунин нақлиёт, ки аз ҷониби Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дастрас мегарданд, таъмин намояд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар доданд,  вазорат ҷиҳати пурзӯр намудани инфрасохтори соҳа корро идома дода, дар давоми се моҳи  соли равон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва инвеститсионӣ ба зиёда аз 55 муассисаҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат таҷҳизоти муосир, аз ҷумла, маҷмӯъҳои ҷарроҳӣ, автоклавҳо, оксигенераторҳо, инфузоматҳо, дастгоҳҳои сабти барқии дил, ташхиси ултрасадо, лавозимоти луобкашанда, маводи истифодаи яккарата, яхдонҳо, нақлиёти санитарии махсусгардонидашуда (амбуланс), мошинаҳои  сабукрави тамғаи «Нива»,  нақлиёти  боркашони махсусгардонидашуда, катҳо, рахтҳои хоб ва ғайраро ба маблағи зиёда аз 90 миллион сомонӣ харидорӣ  ва дастрас намуд.

Инчунин  моҳи феврали соли равон  7 адад нақлиёти тамғаи «Нива ВАЗ-21214» ва 2 адад нақлиёти боркашони махсусгардонидашуда аз ҳисоби гранти Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (ГАВИ) ба марказҳои иммунопрофилактикаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шуъбаи Хадамоти ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар  ин вилоят  дастрас гардиданд.

Апрель 24, 2019 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид