Умри дубора. 100 нафар кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил ройгон ҷарроҳӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 23.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 100 нафар кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил, ки зери хатар қарор доштанд, дар сатҳи баланд ҷарроҳӣ карда шуданд. Дар ин бора мудири шуъбаи таҳлил, иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва рушди Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Эмомалӣ Мирзоев иттилоъ дод.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, барои гузаронидани ҷароҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил 30 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои 6 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон омаданд.
Ҷарроҳиҳои мазкур аз 13 то 21 апрел бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон», инчунин зери сарпарастии Муассисаи «Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум»-и Аморати Муттаҳидаи Араб дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба таври ройгон сурат гирифт.
Бино ба иттилои Э. Мирзоев, иқдоми мазкур бо мақсади дастгирӣ ва кумак ба нафарони камбизоат рӯи даст гирифта шуда, баҳри баргузор намудани солимгардонии кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил 30 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ирландия, Баҳрайн ва Германия барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ҷалб шуда буданд.
Инчунин зимни гузаронидани ҷарроҳиҳо миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил мутахассисони варзидаи тоҷик иштирок карданд.
Бояд зикр намуд, ки тайи рӯзҳои гузаронидани ҷарроҳиҳо 100 нафар кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил, ки зери хатар қарор доштанд, дар сатҳи баланд ҷарроҳӣ карда шуданд.
Баъди анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандон ва масъулини идораву сохторҳои дахлдор ва бо ҳузури намояндагони 6 кишвари хориҷӣ ҷамъомад доир гардид.
Дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мутахассисони соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳо, Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» Муассисаи «Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум»-и Аморати Мутаҳидаи Араб вобаста ба ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри ташкили чунин иқдоми хайрхоҳона ва дастгирӣ намудани оилаҳои камбизоат, ки кӯдакони гирифтори бемориҳои нуқсони дили модарзодӣ доранд, изҳори сипос намуданд.
Ҳамчунин намояндагони Муассисаи «Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум»-и Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.
Баъд аз ҷамъбасти ҷамъомад дар толори калони Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба кӯдаконе, ки амалиёти ҷарроҳиро аз сар гузарониданд, туҳфаҳои хотирмон супорида шуд.








Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд
Доир ба саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир конференсия баргузор шуд
Пешвои миллат: «Вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад»
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид






