Варзишгарони шинохтаи тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо соҳиби панҷ медал шуданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони ҷавону умедбахши тоҷик Эмомризо Анварзода ғолиби Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон гардид.
Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи анъанавии Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон аз 12 то 15 апрел дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гашт. Дар мусобиқаи мазкур 245 нафар варзишгарон аз 6 давлат – АМА, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд.
Ёдовар мешавем, ки паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар ин мусобиқа ба 5 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ сазовор шуданд.
Эмомризо Анварзода дар вазни -90кг миёни наврасон соҳиби медали тилло шуд. Медали нуқраро Шоҳида Қаландарова дар вазни -57кг миёни бонувон ба даст овард. Медалҳои биринҷиро Аҳлия Муъминова дар вазни -52кг миёни наврасон, Муҳаммадризо Қувватов дар вазни -60кг ва Шарифҷон Назриев дар вазни -100кг миёни ҷавонон сазовор гардиданд.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






