«ВАТАН, МАБДАИ ЭЪТИБОРАМ ТУӢ…». 50 нафар ҷавонони шаҳри Кӯлоб ихтиёран ба ҳифзи Ватан раҳсипор гардиданд
КӮЛОБ, 22.04.2019/АМИТ «Ховар» /. Дар майдони Маҷмааи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби комиссариати ҳарбии шаҳр маъракаи даъвати баҳории наваскарон баргузор гардид. Зимни он зикр гардид, ки дар рӯзи аввали даъват ба комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб 50 нафар ҷавонон ихтиёран ҳозир гардида, баъди муоинаи тиббӣ ба комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон фиристода шуданд.
Дар ҷамъомад шумораи зиёди ҷавонони ихтиёрӣ ба ҳифзи Ватан равонагардида аз омодагии хеш барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Онҳо бо қадамҳои қаторӣ суруди «Савганди садоқат»-ро ба матни Кароматулло Олимзода замзама намуда, саф оростанд:
Аё, Тоҷикистони озоди ман,
Умеди дилу хотири шоди ман.
Чу фарзанди ту ҳозирам бар дифоъ,
Ба ҳифзи ту ҷонро намоям фидо!
Ватан, боиси ифтихорам туӣ,
Ватан, мабдаи эътиборам туӣ,
Ватан, тору пуди вуҷудам туӣ,
Ватан, қиблагоҳи суҷудам туӣ!
Мавриди зикр аст, ки хамасола дар маъракаҳои даъвати ҳарбӣ ҷавонони шаҳри Кӯлоб хеле фаъол буда, аз рӯзҳои аввали даъват ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир мегарданд.
Дар маҷлиси тантанавие, ки ба ин муносибат доир гардид, раиси шаҳр ва чанд нафар фаъолон иброз доштанд, ки бо дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол шароит дар қисмҳои низомӣ беҳтар гардида, афсарон дар хориҷи кишвар аз омӯзиш гузаштаанд. Ҷузу томҳо бо лавозимоти ҷангӣ ва афсарону сарбозон бо либосҳои низомию шароити созгори хизмат таъмин шудаанд. Ин аст, ки дар ҳама машқҳои низомии минтақавӣ ва байналхалқӣ сарбозону афсарони тоҷик бо чолокию зиракӣ ва маҳорати ҳарбии хеш аз ҷониби мутахассисони байналхалқӣ баҳои баланд мегиранд.
Волидони наваскарон фарзандонашонро ба хизмати содиқона даъват намуда, аз ҷавонон хоҳиш карданд, ки чун падару бобоёни хеш номбардори Тоҷикистони азиз гарданд.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






