Виталий Левченко сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз футболбозони шинохтаи Тоҷикистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ Виталий Левченко ба ҳайси сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд интихоб шуд ва дар арафаи бозии даври дуввуми Ҷоми КФО имрӯз ба футболбозони даста муаррифӣ мешавад.
Виталий Левченко чанде пештар дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро машқ дода, ба сармураббии дастаи миллӣ Ҳаким Фузайлов ба ҳайси мураббии тайёрии ҷисмонии дастаи мунтахаби Тоҷикистон кумак расонидааст.
Имрӯз Виталий Левченко дар нишасти хабарии пеш аз бозии Ҷоми КФО бо дастаи “Дордой”-и Қирғизистон ширкат карда, дар аввалин машқи даста иштирок менамояд ва 17 апрел “Хуҷанд”-ро ба муқобили дастаи “Дордой”-и Қирғизистон ба майдон мебарорад.
Виталий Левченко соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушод ва ҷавониашро дар Тоҷикистон паси сар карда, ҳамчун бозингар дар дастаи «Хуҷанд» номвар шуд. Ӯ дар 19- солагиаш ба ҳайати дуввуми клуби машҳури «Динамо»-и Киев шомил гардид. Аз соли 1994 то 2000-ум шарафи дастаи ССКА-ро ҳимоя карда, баъдан ба дастаи «Таврия»-и Симферопол гузаштааст.
Левченко давоми панҷ сол дар 9 бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон иштирок карда, шарафи Тоҷикистонро дар бозиҳои Осиёии соли 1998 ва бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-1998 ҳимоя кардааст.
Баъди анҷом додани мақоми бозингар ба ҳайси мураббӣ ва сармураббӣ дар дастаҳои «Княжа», «Арсенал»,«Десна»,«Еднист», дастаи мунтахаби ҷавонони Украина, Тоҷикистон, ёвари сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва пеш аз ба дастаи “Хуҷанд” омаданаш дар КФ “Криля Советов” –и Россия фаъолият кардааст.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






