9 май дар Боғи Ғалабаи Душанбе гузашти низомӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 03.05.2019/АМИТ «Ховар»/. 9 май ба ифтихори 74-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳони солҳои 1941-1945 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор мегардад.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки дар гузашти низомӣ дар радифи иштироки ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии кишвар, инчунин афсарону сарбозон ва курсантони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок менамоянд
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯзҳо дар Боғи Ғалабаи пойтахт ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани паради ҳарбӣ ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии қисмҳои низомии қӯшунҳои хушкигард, зудамал ва кӯшунҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, инчунин курсантони муассисаҳои олии ҳарбии ин сохтори қудратии кишвар омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






