Абдумаҷид Ҳакимзода: «Овозаҳо дар бораи боло рафтани нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт асос надоранд»

Май 2, 2019 10:04

ДУШАНБЕ, 02.05.2019./АМИТ «Ховар»/. Тайи чанд рӯз мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ  оид ба  боло  рафтани  нархи   пардохти ҳакқи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе  овозаҳо паҳн мегарданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба  шарҳи ин  мавзӯъ бо сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид ҲАКИМЗОДА  ҳамсуҳбат гардид.

Абдумаҷид Ҳакимзода  изҳор дошт, ки овозаҳо дар бораи боло рафтани нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии  пойтахт ягон асос надошта, ояндаи наздик низ гароншавии он, на дар автобусу троллейбусҳо ва на микроавтобусҳо  пешбинӣ нашудааст.  Номбурда таъкид намуд, ки ба ҳисоби миёна ҳар субҳ аз корхонаҳои коммуналӣ ва нақлиётии пойтахт 280 автобус, зиёда аз 60 троллейбус ва 1400 адад микроавтобусҳо ба кор баромада, ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.

  Ёдрас мешавем, ки тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе   нархи роҳкиро дар пойтахт   дар автобус 1 сомониву 20 дирам, троллейбус 1 сомонӣ ва микроавтобусҳо 1 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад.

Бояд илова намуд, ки вакилони Маҷлиси Олӣ, вакилони ноҳиявию шаҳрӣ, собиқадорон ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ,  маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, кӯдакони маъюб, собиқадорони  хизмати ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зарардидагони фалокати Чернобил ва оилаву кӯдакони бесарабонмондаи онҳо, шахсоне ки барои хизматҳои махсус дар назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақа мегиранд, собиқадорони  амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо, шахсоне ки бо 3 дараҷаи орден барои хизмати Ватан дар Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС мукофотонида шудаанд ва шахсони аз 75 — сола боло  ҳангоми истифода аз хизмати воситаҳои нақлиёти шаҳрӣ аз имтиёз бархӯрдоранд.

Май 2, 2019 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд