АЗ НАРХИ БОЗОР АРЗОН: Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 май то охири моҳи Рамазон дар тамоми чор ноҳияи пойтахт ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввали аҳолӣ доир карда мешавад

Май 12, 2019 09:16

ДУШАНБЕ, 12.05.2019./АМИМТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шуруъ аз  аввали моҳи майи соли равон то охири моҳи шарифи Рамазон  дар  чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд. Ин ярмаркаҳо  дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин  пешгирии болоравии нархи маводи озуқа  дар  моҳи  шарифи  Рамазон  ташкил карда мешаванд.

Мутахассиси пешбари Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Нилуфар САЪДОНШОЕВА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора чунин изҳор намуд:

— Ба муносибати моҳи шарифи Рамазон  дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шуруъ аз 1 майи соли ҷорӣ дар тамоми чор ноҳияи пойтахт ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал  ба роҳ андохта шудааст. Чунин ярмарка-фурӯши маҳсулот дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъморӣ ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ), майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино, майдончаи назди Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ва майдончаии назди Корхонаи выоҳиди давлатии «Бозори Деҳқон»-и ноҳияи Сино ташкил гардида, дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили гӯшт, орд, равған, биринҷ, шакар, картошка, пиёз, сабзӣ ва ғайра бо нархҳои нисбаитан арзон ва дастрас ба фурӯш гузошта  шудаанд.

Аз ҷумла, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсуолоти  ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ зиёда аз 30 тонна гӯшт пешниҳод гардидааст, ки нархи он назар ба нархҳои муқарррарии бозору мағозаҳо арзонтар аст.

Ба ярмарка ва фурӯш дар нуқтаҳои зикршудаи пойтахт инчунин аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ маҳсулоти мавриди ниёзи аввали аҳолӣ ба фурӯш бароварда шудаанд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ин ярмаркаҳо тадбирҳои амалӣ андешанд.

                                           Аксҳои Тоҳир САИДЗОДА (АМИТ «Ховар»)

 

 

 

 

Май 12, 2019 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад