Ба мавқеи фаъоли Тоҷикистон оид ба масъалаи баробарии гендерӣ баҳои баланд дода шуд
ДУШАНБЕ, 10.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи баробарии гендерӣ ва ҳуқуқу имкониятҳои занон зимни мулоқоти муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Маҳмадзода бо ҳайати сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ, густариши ҳуқуқҳо ва имкониятҳои занон баррасӣ гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот нақши занон дар рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, густариши ҳуқуқҳо ва имкониятҳои онҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷамшед Маҳмадзода дар бораи талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини баробарии гендерӣ сухан карда, гуфт: «Яке аз ҳадафҳои аввлиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шуғл таъмин намудани занон мебошад, ки он ҳамчун шарти аслии беҳбуди шароити иқтисодӣ ва мухторияти онҳост».
Ҳайати намояндагони СММ ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баробариҳои гендерӣ ва мавқеи фаъолонаи мамлакат дар ин созмони ҷаҳонӣ оид ба ин масъала баҳои баланд доданд.








Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд






