Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе дар Рамазон фаъолияти тарабхонаҳо аз соати 11:00 ба роҳ монда шуд

Май 7, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 07.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба мақомоти дахлдори шаҳрдорӣ дастур дод, ки оғози фаъолияти тарабхонаҳои шаҳрро дар моҳи шарифи Рамазон аз соати 11:00 ба роҳ монда, ҷиҳати ба таври пурраву мунтазам хизмат расонидан ба онҳо мусоидат намоянд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин  иқдом  бо назардошти зиёд гардидани ташрифи меҳмонон ва сайёҳон ба шаҳри Душанбе  ва дар сатҳи баланд хизмат расонидан ба онҳо  роҳандозӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи сайёҳон  ба Тоҷикистон,  бахусус ба шаҳри Душанбе  дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Аз ҷумла,  ёдрас мешавем, ки  моҳи марти соли  равон  зиёда аз 60 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ташриф оварда, дар  тантанаҳои наврӯзӣ  иштирок карданд.

Дар партави сиёсати созандаву бунёдкорона ва дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор гаштани Наврӯзи Душанбе воқеан ҳам пойтахти мамлакатро ба меҳвари чорабиниҳои бузурги фарҳангию сайёҳӣ табдил дода, меҳмонон ва сайёҳони зиёдро ба шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои мамлакат ҷалб намуд.

Май 7, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд