Дар Душанбе баҳри таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон омодагӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 08.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин нақшаи чорабиниҳо бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳия гардидааст.
Тибқи қарори мазкур, масъулини дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур, 1 июн ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузории барномаи идонаи фарҳангиву фароғатӣ, хамчунин ташкили намоиши ҳунару эҷод, мусаввараҳои беҳтарин, дастовардҳои кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ва озмуни расмкашӣ дар назар дошта шудааст.
«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакони пойтахт, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддӣ ва таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми имкониятҳоро истифода мебарад. Имсол низ тибқи нақшаи тасдиқгардида ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи ин рӯз барои тарбиятгирандагони ҳамаи мактаб -интернатҳо ва хонаи кӯдакони пойтахт дастурхони идона ороста, барномаҳои ҷолибу рангини фарҳангию фароғатӣ пешниҳод мегарданд. Аз ҷониби масъулин ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим мегарданд», — афзуд манбаъ.
Ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ин рӯз пахши маводи таблиғотӣ, рекламаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ҳаёти кӯдакону наврасон ба воситаи таблоҳои электронии шаҳри Душанбе ва таҳияи барномаҳои телевизионию радиоӣ ва мақолаҳо дар мавзӯъҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни онҳоро ба нақша гирифтааст.
Ёдрас мешавем, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил мешавад, дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон, аз ҷумла дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногун баргузор мегардад. Бояд илова намуд, ки бахшида ба ин рӯз барои кӯдакон ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, намоишҳои театрикунонидашуда ва маъракаҳои хайриявӣ баргузор мегарданд.
Хотиррасон мешавем, ки соли 1949 намояндагони конгресси занон, ки дар Париж мегузашт, аз ҳама мардуми олам даъват ба амал оварданд, ки барои сулҳ мубориза баранд, зеро танҳо сулҳ метавонад ҳаёти хушбахтонаи кӯдаконро муҳайё созад. Ба ин тариқ, Рӯзи байналмилалии кӯдакон таъсис ёфт, ки аввалин идаш 1 июни соли 1950 барпо гардид ва он то имрӯз ҷашн гирифта мешавад.
Соли 1959 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Изҳороти ҳуқуқи кӯдак қабул карда шуда, аз ҷониби кишварҳои зиёд эътироф гардид. Баъдан соли 1989 ин ташкилот Созишномаи ҳуқуқи кӯдакро тасдиқ кард, ки вазифа ва уҳдадориҳои ҳама давлатҳоро нисбат ба шаҳрвандони ноболиғашон муайян намуд. Дар ин ҳуҷҷат уҳдадориҳои калонсолон ва ҳуқуқи кӯдакон сабт гардидаанд.








35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид






