Дар Душанбе боз як макони нави фарҳангӣ — «Боғи Куруши Кабир» ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 23.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе боз як макони нави фарҳангӣ — «Боғи Куруши Кабир» ба истифода дода мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар бораи «Боғи Куруши Кабир» номгузорӣ намудани ин мавзеи нави фарҳангӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.
Бояд гуфт, ки боғи мазкур бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти мамлакат бунёд гардида, дар шафати Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Масоҳати он зиёда аз 4 гектар хоҳад буд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки барои гузоштани муҷассамаҳои рассоми машҳури тоҷик Камолиддини Беҳзод ва Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Собирова дар ин боғ иҷозат дода шавад.
«Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шуд», — афзуд манбаъ.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






