Дар Душанбе сад ранги чакан намоиш дода шуд

Май 4, 2019 10:24

ДУШАНБЕ, 04.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар  Муассисаи давлатии «Аҳорун»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Қабл аз оғози фестивал иштирокдорон  аз намоишгоҳ, ки дар он ҳунармандон ва косибони  чор  ноҳияи пойтахт   намунаҳоро аз маҳсули ҳунари чакандӯзӣ  пешниҳод  намуда буданд, дидан намуданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивали мазкур бо мақсади  иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 оид ба  нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмун, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки фаъолон ва  ҳунармандону тарроҳони пойтахт доир гардид.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории фестивал баланд бардоштани мақому манзалати либосҳои миллӣ, замонавӣ намудани   анвои гуногуни матоъҳои миллӣ, аз ҷумла, чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, тоқидӯзиву ҷузвадон ва дар ин замина эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик  мебошад.

Намоишгоҳ ба ҳунари чакан бахшида шуда, дар он намунаҳои сершумори ин санъати бостонии тоҷикон, бо шумули либосу  лавозимоти хонадорӣ, ба мисли курта, сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯшак, чойхалта, камарбанд, хурҷин ва ғайра, ки бо нақшу нигори гуногун, аз қабили косагул, аштак, гули анор, барг, баргак, барги бед, барги гул, барги дарахт, барги сафедор, барги тут, бахмалгул, бодом, бодомча, бутта, буттаи гул, гандум, гандумак, гули калон, гарди гул, гашнич, гирди гулҳо, ғулғулак, гули дарахт, гули зардак, гули зағерак ва намунаҳои дигари санъати чакандӯзӣ оро дода шуда буданд, ба маъраз гузошта шуд.

Гулдӯзон бо маҳсули дасти худ  имрӯзро бо гузашта пайванд намуда, дар гулҳои офаридаашон ба ояндагон нияти неки  гузаштагонро ба мерос мегузоранд.

Дар оғози фестивал муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  Паёми  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокдорони ҷашнвора расонида, аз ҷумла,  иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар арзишҳои миллии тоҷикон арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд, ки чакан аз зумраи онҳо ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки чакан навъе аз ҳунарҳои мардумии дорои таърихи ниҳоят куҳан буда, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад.

Гулдухтарони тоҷик чаканро дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар намуда, якҷоя бо нону намак манзури мардум мегардонанд.

Сипас барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд. Суруду тарона ва рақсу навоҳои дилнишин дар иҷрои ҳунармандон ҳар яке ифодагари санъату ҳунари волои чакандӯзӣ, аҳамияти таърихиву фарҳангии он ва нишонаи завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик буданд.

Мавриди  зикр аст, ки Фестивали «Сад ранги чакан» аз рӯи шаш  бахш, аз ҷумла, либосҳои қадимаи чакан, либосҳои кӯдакона, либосҳои рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ ва навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ гузаронида шуд.

Дар баробари ин зимни барномаи фарҳангӣ намунаҳои гуногуни либосу лавозимот, аз ҷумла либосҳои мардонаву занона ва кӯдакона, ки бо завқи баланди эҷодкорӣ ва санъати волои амалӣ –ороишии чакандӯзӣ омода гардида буданд, намоиш дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки идораи  илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи худ, ки дар шаҳри Порт-Луиси Маврикий баргузор гардид, Чакан — и тоҷиконро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.

Зимни муаррифии чакан дар сомонаи ЮНЕСКО гуфта мешавад, ки «он як навъ гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст».

Дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021), ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, дар пойтахт баргузор шудани Фестивали “Сад ранги чакан” ба эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, фарҳанги бою ғании миллати тоҷикон, муаррифии косибони чирадаст ва ҳунармандони соҳибистеъдод мусоидат менамояд.

Дар ҷамъбасти намоиш ғолибон ва иштирокчиён дар бахшҳои либосҳои қадимаи чакан, кӯдакона, рӯзмарра, маросимиву идона, расмӣ ва навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Май 4, 2019 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Ба шарафи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиш доир шуд
DUSHANBE.TRAVEL. Портали сайёҳии шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуд
«ДОНИШ ВА СУЛҲ». Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе соли нави таҳсил оғоз гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» доир карда мешавад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Остона Женис Касимбек мулоқот намуданд
Дар Душанбе шумораи умумии воситаҳои нақлиёти мусофирбар 20 фоиз зиёд карда мешавад
Рустами Эмомалӣ: «80 фоизи таълимгирандагони таълимоти ғайриқонунии диниро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд»
Рустами Эмомалӣ: «Корҳо дар самти пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи амалҳои коррупсионӣ бояд тақвият дода шаванд»
Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷаласаи назоратӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муассисаи таҳсилоти томактабии «Афрӯза»-ро мавриди истифода қарор доданд
Ғолибони даври шаҳрии озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд