Дар Норак доир ба пешгирии ифротгароӣ ҳамоиши васеъ баргузор гардид
НОРАК, 10.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», пешгирии шомил гардидани муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, таъмини нақшаи сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Норак бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, фаъолон ва роҳбарони корхонаҳою муассисаҳои таълимиву фарҳангии шаҳр ҳамоиши васеъ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад раиси шаҳри Норак Фатҳулло Ҳурматзода, комиссари ҳарбии шаҳр Сироҷиддин Абдуллоев ва сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сухан гуфта, оид ба сабабу шароити шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, хатари терроризм ва экстремизм ба амнияти Тоҷикистон ва ҷаҳон, таҳти назорат қарор додани рафтуомади муҳоҷирони меҳнатии мавсимӣ, ҳамзамон дар рӯҳияи ифтихори миллию ватанпарастӣ тарбия намудани насли наврас, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, тинҷиву оромӣ дар мамлакат ибрози назар карданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш раиси шаҳр аз фаъолон хоҳиш намуд, ки баҳри пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб дар ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ робитаро пурзӯр намуда, вазифаи хизматиро дар назди ҷомеа софдилона иҷро намоянд.








Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид






