Меҳмонони наврас бори нахуст аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 30.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз 200 нафар иштирокдорони фестивали «Мо насли хушбахти замон» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Меҳмононро шахсони масъули Осорхона истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ сайрҳои осорхонавӣ гузарониданд.
Бояд гуфт, ки меҳмонон бо диққати махсус ва рағбати зиёд экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд. Иштирокчиёни фестивал наврасони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ буда, аксарияти онҳо бори нахуст аз ин маркази фарҳангӣ дидан намуданд.
Ба воситаи сайрҳои осорхонавӣ меҳмонон дар шуъбаи табиат оид ба канданиҳои фоиданок, иқлим, набототу ҳайвонот ва парваришгоҳу мамнуъгоҳҳои Тоҷикистон маълумот гирифтанд.
Онҳо аз шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, аз бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, шурӯъ аз асри санг то асри XX, аз ҷумла бозёфтҳои «Саразм», толори «Оини Зардуштия», «Империяи Ҳахоманишиҳо» «Империяи Кушониён», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Сомониён», толорҳои «Хушнависӣ» ва «Сиккаҳо» дидан намуданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллӣ Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод, бо мақсади таҳкими дӯстӣ байни наврасони мамлакат ва дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудан онҳо ин боздид ташкил гардид.
Дар шуъбаи таърихи нав ва навтарин ба меҳмонон дастовардҳои ҷумҳурӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш муаррифӣ гардида, ҳамчунин онҳо аз толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дидан намуданд.
Меҳмонон инчунин дар шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ бо ҳунарҳои рассомӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, кундал ва дигар намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ шинос гардиданд.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






