Мусобиқаи гуштини тарзи озод дар шаҳри Хоруғ даҳҳо чеҳраҳои навро дар ин намуди варзиш пайдо намуд

Май 27, 2019 10:29

ХОРУҒ, 27.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Кохи варзиши шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини тарзи озод байни наврасон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат  баргузор гардид. Мусобиқа бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе ба поён расид. Мақоми дуюму сеюмро тимҳои мунтахаби вилояти Хатлон ва Душанбе 2 ишғол намуданд.

Тавре сардовари мусобиқа Абдурозиқ Олимов  иттилоъ дод,  дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 100 нафар паҳлавонони наврас аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

«Дар ду рӯз мо шоҳиди кафши даҳҳо чеҳраҳои нав дар риштаи гӯштини тарзи озод шудем. Аз худи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 40 нафар гӯштингирон ширкат карданд ва дар миёнашон паҳлавонони умедбахш зиёд ба назар расиданд. Яке аз сабабҳои ҳамасола тағйир додани макони мусобиқа ҳам дар ин аст, ки ҳеҷ як варзишгар аз назари мутахассисони соҳа дар канор намонад. Беҳтарин паҳлавонони наврас чунин мусобиқаҳо ба тими мунтахаби ҷумҳурӣ ҷалб карда мешаванд»,- иброз дошт А.Олимов.

Варзиш қосиди сулҳу дустӣ аст ва табиист, ки паҳлавонони наврас дар майдон барои пирузӣ мубориза мебаранд, аммо чун аз майдон берун шуданд, суроғаи ҳамдигарро мегиранду бо ҳам паймони дӯстӣ мебанданд.

Яке аз ин паҳлавонон Анушервон Юлдошов  аз вилояти Суғд изҳор намуд, ки бори аввал ба шаҳри Хоруғ омадааст ва аз дидани манзараҳои зебои ин гӯшаи Ватан ба ваҷд омадааст. Бо наврасони зиёд аз гӯшаҳои мухталифи ҷумҳурӣ ошноӣ пайдо кард ва чун ба зодгоҳаш бармегардад, ба ҳамсолони худ дар бораи ин сафараш нақл хоҳад кард.

Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки боиси хушҳолист, ки  давоми  соли равон дар вилоят  10 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  аз намудҳои дзюдо, волейбол, карате до, бадминтон ва ғайра баргузор мегардад.  Дар ҳоле ки    соле пеш дар вилоят  ҳамагӣ як мусобиқаи ҷумҳурияӣ  баргузор гардида буд.

Май 27, 2019 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд