ҶОМИ КФО: санаи бозиҳои даври панҷум байни дастаҳои «Хуҷанд» бо «Истиқлол» ва «Алтин Асир» бо «Дордой» маълум шуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 байни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Истиқлол»-Душанбе дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд 19 июни соли равон баргузор мегардад.
Дар ҳамин рӯз дастаи футболи «Дордой»-и Қирғизистон дар меҳмонӣ бо дастаи футболи «Алтин Асир»-и Туркманистон байни ҳам рақобат мекунанд. Ин мавзӯро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.
Бояд зикр кард, ки дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар Минтақаи марказӣ дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бозии даври чоруми хешро баргузор намуда буданд.
Рақобати дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон дар шаҳри Ашқобод сурат гирифта, бо ҳисоби камтарини 1:0 ба фоидаи мизбонон тамом шуд.
Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «Д» дастаҳои футболи «Дордой» ва «Истиқлол» байни ҳам рақобат намуданд. Дар ин дидор футболбозони «Истиқлол» бо ҳисоби 2:1 мағлуб шуданд.
Ҳамин тавр, дастаҳои футболи «Хуҷанд» ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар бозии даври чоруми гурӯҳи «Д» аз рақибонашон мағлуб гардида, аз се имтиёзӣ маҳрум шуданд. Новобаста аз ин бохт, дастаи футболи «Истиқлол» бо касби 7 имтиёз садрнишини ҷадвали гурӯҳи «Д» боқӣ монд. Дар зинаи дуюм дастаи «Алтин Асир» бо доштани 6 хол ҷой гирифтааст. Дастаҳои футболи «Хуҷанд» ва «Дордой» бо 4- холӣ дар зинаҳои сеюм ва чорум қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи «Д» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Дордой»-и Қирғизистон баргузор шуда, бо ҳисоби калони 4:1 ба нафъи шогирдони Ҳаким Фузайлов хотима ёфта буд.
Бояд илова намуд, ки ин вохӯрии ҷолибро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе зиёда аз 13 ҳазор нафар мухлисони футболи тоҷик тамошо намуданд. Ҳанӯз дар дақиқаи 15-уми бозӣ Алишер Ҷалилов аз зарбаи пеналти ҳисобро боз намуд. Дар анҷоми қисми якуми рақобат яке аз бозингарони шинохтаи дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Фатҳулло Фатҳуллоев аз зарбаи ҷаримавии 11-метра голи дуюмро ба нишон расонид.
Дар қисми дуюми вохӯрӣ, аниқтараш дар дақиқаи 49-ум легионери сербиягии дастаи футболи «Истиқлол» Михайло Сакич ҳисобро 3:0 намуд. Дар дақиқаи 81-уми бозӣ Шаҳром Самиев голи чоруми дастаашро ба ҳадаф расонида, пирӯзии дастаи «Истиқлол»-ро дар ин дидор таъмин намуд. Ягона голи дастаи футболи «Дордой»-ро дар дақиқаи 50-ум Мирлан Мурзаев ба нишон расонид.
Бозиҳои даври ниҳоӣ 26 июн доир мегарданд. Дар даври шашум дастаи футболи «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаи «Алтин Асир»-ро қабул менамояд.Дастаи футболи «Хуҷанд» бошад, дар меҳмонӣ бо тими «Дордой» бозӣ хоҳад кард.
Хотиррасон менамоем, ки танҳо ғолиби гурӯҳи «D» ба даври дигари Ҷоми КФО-2019 роҳхат мегирад.








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид






