Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков мулоқот намуданд

Май 17, 2019 12:03

ДУШАНБЕ, 17.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 17 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбековро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвар ва иштироки ҷонибҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки кишварҳои мо тавассути иштироки фаъол дар тадбирҳои муштарак метавонанд дар таъмини амну субот дар давлатҳои худ ва минтақа саҳми фаъол дошта бошанд.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили бомуваффақонаи ҳамоиши сатҳи баланд ва меҳмоннавозии самимӣ баҳои баланд доданд.

Дар ҷараёни мулоқот робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар тамоми соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, инчунин муносибатҳои ҳамкорӣ дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили СММ, СҲШ, СААД ва ИДМ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков 17.05.2019

Май 17, 2019 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар