Раиси шаҳри Душанбе ба масъулин барои омодагии саривақтӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола супоришҳои мушаххас дод

Май 15, 2019 08:44

ДУШАНБЕ, 15.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти пойтахт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 – 2020 тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   тибқи қарори  мазкур Ситоди шаҳрӣ  таъсис дода шуда, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,  роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои пойтахт, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият вазифадор гардидаанд, ки  доир ба сари вақт омода намудани фаъолияти мунтазами корхонаю ташкилотҳо дар мавсими тирамоҳу зимистон   чорабиниҳои мушаххас таҳия ва амалӣ намоянд.

Ҳамчунин тибқи қарори дахлдор, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистон  ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада дар ноҳияҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе таҳти сарварии раисони ноҳияҳо ва роҳбарони аввали сохторҳо ситодҳои дахлдор таъсис дода мешаванд.

Дар  робита ба ин,  Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» муваззаф гардидааст, ки чорабиниҳои санҷишиву омодасозии бинову иншооти таъйиноти гуногунро (манзилҳои истиқоматӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар корхонаю ташкилот) дар муҳлатҳои муайянгардида бо пешниҳоди шиносномаи тайёрӣ ба анҷом расонида, ҳамчунин мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда бо истифодабарандагони энергияи гармӣ шартномаҳои дахлдори хизматрасонӣ ба имзо расонад.

Муассисаи мазкур ҳамчунин вазифадор гардидааст, ки дар якҷоягӣ  бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳибмулкони манзили биноҳои бисёрхонагӣ баҳри омода намудани системаҳои гармитаъминкунии дохилибиногии истифодаи умум тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар асоси ин қарор ба  Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» супориш дода шудааст, ки бо мақсади омодасозии иншооту воситаҳои технологии истеҳсолу интиқоли оби нӯшокӣ, қабулу тозакунии оби ғализ ва таъмини фаъолияти мунтазаму самараноки онҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019 – 2020 ҷиҳати ба миқдори меъёрӣ захира намудани маводи безараргардонӣ ва обсофкунӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии шаҳрӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ба Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус — 1», «Автобус — 2», «Автобус — 3», «Троллейбус» ва Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» супориш дода шудааст, ки нақшаи чорабиниҳои омодагиро барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистон то 1 июни соли 2019 таҳия ва тасдиқ намоянд.

Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» вазифадор гардидааст, ки тибқи нақша захираи маводи зарурӣ  (ноқилҳои барқӣ, чароғҳои равшанидиҳанда ва васлкунанда) гузаронидани корҳои омодасозии шабакаҳои равшанидиҳӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти технологиро амалӣ намуда, таъмини равшанидиҳии шаҳр ва фаъолияти нуқтаҳои тақсимотиро дар мавсими тирамоҳу зимистон бо инобати сарфаҷӯии энергияи барқ ба роҳ монад.

Тибқи супориши  Раиси шаҳр ҷаласаҳои сайёри ситоди шаҳрӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор бо иштироки бевоситаи роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявии марбута гузаронида  мешаванд ва  сардори ситод дар ҳолатҳои зарурӣ роҳбарони корхонаю идораҳо, муассисаҳо ва намояндагони дахлдори мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро барои баррасии масъалаҳои корӣ ба ҷаласаҳо даъват менамояд.

Масъулин вазифадор гардидаанд, ки аз ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо то 5-уми ҳар моҳ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

Май 15, 2019 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

DITE-2025. Зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан намуданд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат доир гардиданд
«ГАНҶИНАИ МЕРОС». Дар Душанбе Фестивал — намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе беш аз 200 ширкати хизматрасони соҳа иштирок дорад
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе баргузор мегардад
Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон бо фаъолияти КВД «Шаҳри ҳушманд» шинос гардид
Форуми шаҳрии варзишгарони пойтахт баргузор гардид
26 сентябр Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ барои ҳамаи истифодабарандагони пойтахт тағйир ёфт
Дар Душанбе 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ботантана таҷлил гардид