Рустами Эмомалӣ баҳри дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи ҷавонон қарор ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 08.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар ин рӯз дар доираи ин нақшаи чорабиниҳо дар пойтахт баргузории ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маърифатӣ, конфронсу форум ва дигар мулоқоту суҳбатҳо бо иштироки наврасону ҷавонон пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар ин рӯз дар маконҳои фарҳангии пойтахт, аз ҷумла, боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳр баҳри сайругашти идонаи сокинон ва меҳмонони пойтахт шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нақшаи чорабиниҳои мазкур бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ, дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва эҷодиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.
Хотиррасон мешавем, ки шурӯъ аз соли 1998 то имрӯз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон мамлакати ҷавон ва ҷавонон аст. Имрӯз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро насли ҷавони пуриқтидори дорои зеҳниву ҷисмонӣ ташкил медиҳанд.
Татбиқи як зумра барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои миллат бо намояндагони ҷавонон, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз ҷумла, стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсис ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда таъйин гардидани ҷавонони лаёқатманд, эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон нишони таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба насли ояндасози мамлакат мебошад.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






