«Телевизиони Душанбе» соҳиби студияи сайёри телевизионии рақамӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 21.05.2019. / «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» дар ояндаи наздик соҳиби студияи сайёри телевизионии рақамӣ мешавад. Дар назар аст, ки таҷҳизоти мазкур то моҳи сентябри соли равон ба шаҳри Душанбе ворид карда шавад.
Дар ин хусус имрӯз миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Маркази байналмилалии Чин оид ба мубодила дар соҳаҳои иқтисодӣ ва техникии Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба татбиқи Лоиҳаи муҷаҳҳазонии Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» бо студияи сайёри телевизионии рақамӣ қарордод ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, санадро муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва директори Маркази болозикр Ян Дун ба имзо расониданд.
Ба иттилои манбаъ, қарордоди мазкур дар доираи Созишномаи ҳамкориҳои техникӣ-иқтисодӣ байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 20 майи соли 2013 дар хусуси татбиқи Лоиҳаи «Мукаммалгардонии сатҳи техникии корхонаҳо ва муассисаҳои давлатии шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид.
Зимнан, Муассисаи давлатии «Телевизиони «Душанбе» ягона шабаки телевизионии маҳаллӣ дар пойтахти Тоҷикистон буда, барномаҳои он дар шакли HD манзури тамошобинон гардонида мешаванд. Гузариш ба шакли HD имконият дод, ки минбаъд хабару гузориш ва барномаҳо аз тариқи «Телевизиони Душанбе» бо сатҳу сифати баланди садову симо ва мутобиқ ба талаботи замон пешкаши тамошобинон гардад.









Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






