«Тоҷикистон солҳои охир се маротиб ба қатори 10 мамлакати ислоҳотгари пешсаф дохил гардид», — бардошт аз хониши парлумонӣ

Май 30, 2019 15:26

ДУШАНБЕ, 30.05.2019. /АМИТ «Ховар» /. Масъалаи рушди соҳибкорӣ дар ташаккули буҷет имрӯз зимни хониши парлумонӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони вазорату идораҳои молиявии мамлакат баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ иброз дошт, ки беҳтар намудани фазои мусоиди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, шуғли аҳолӣ ва истеҳсолоти ватанӣ мебошад.

Зикр гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ ба шумор рафта, дар ин самт дар мамлакат шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст.

«Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки соҳибкорӣ дар иктисодиёти ҳама мамлакатҳо, аз он ҷумла давлатҳои мутараққӣ нақши муҳим мебозад. Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории хурду миёнаи истеҳсолӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва таъминкунандаи пешрафти минбаъдаи иқтисоди миллӣ аҳамияти махсус медиҳад», — илова намуд Абдуҷаббор Азизӣ.

Бояд гуфт, ки тавассути татбиқи ислоҳоти фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ шарикии давлат ва бахши хусусӣ рушд намуда, Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ солҳои охир се маротиб  ба қатори 10 мамлакати ислоҳотгари пешсаф дохил гардид.

Мавриди зикр аст, ки миёни вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарияти вазорату идораҳои иштирокнамуда мубодилаи афкор сурат гирифта, аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида  қарори дахлдор қабул  шуд.

Май 30, 2019 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд