Вазири кишоварзии Россия Дмитрий Патрушев: «Россия ният дорад дар Тоҷикистон маркази тақсимоти яклухт бунёд кунад»
ДУШАНБЕ, 16.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Дмитрий Патрушев мулоқот доир намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, пас аз анҷоми мулоқот Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Дмитрий Патрушев иброз намуд, ки «дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи кишоварзӣ муҳокима шуданд. Ҳамчунин масъалаи имконияти сохтмони маркази тақсимоти яклухт аз ҳисоби сармоягузориҳои Россия дар қаламрави Тоҷикистон матраҳ гардид. Масъалаҳои чорводорӣ ва тухмипарварӣ, аз ҷумла картошка низ баррасӣ шуданд».
Дмитрий Патрушев таъкид дошт, ки масъалаҳои баррасишуда дар чаҳорчӯби ҳамкории зичи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Россия рӯзҳои наздик амалӣ хоҳанд шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, имрӯз Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Дмитрий Патрушев бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон сафар намуда, дидору мулоқоти ӯ бо роҳбарияти вилоят дар назар аст.
Қарор аст, ки ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди маҳсулот ва дигар масъалаҳои меҳварӣ табодули назар намоянд.
Ҳамчунин дар доираи ин сафар вазири кишоварзии Федератсияи Россия аз гармхонаҳои мавсимӣ, боғҳои меваҳои гуногун, майдонҳои кишти сабзавот ва полезӣ, гармхонаҳои лимӯпарварӣ дар ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон боздид хоҳад кард.








Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»






