АМРИ ХАЙР. Аз марҳамати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти далатӣ ниёзмандони вилояти Суғд баҳраманд гардиданд
ХУҶАНД, 03.06.2019, /АМИТ Ховар/ Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаби бачагони ятим ва маъюб, хонаи кӯдакони ҳудуди вилоят, аз ҷумла дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бӯстон, ноҳияҳои Спитамен, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ барномаҳои фарҳангию фароғатӣ роҳандозӣ гардиданд, ки дар онҳо наздики 2 000 бошандагони ин муассисаҳо бо аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Дадабоев масъули шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ дод, ин амри хайр вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманд роҳандозӣ гардидааст.
Ҳозирин дар ҷамъомадҳои тантанавӣ нуктаҳои асосии табрикоти имсолаи Пешвои миллатро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон шарҳ дода, аз ҷумла ин суханони Сарвари давлатро ёдовар шуданд: «Дар раванди таълиму тарбияи ҷавонон, бахусус, ба масъалаҳои дӯст доштани Ватан, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва таъриху фарҳанги пурғановати халқамон, инчунин, пос доштани иззату ҳурмати падару модар ва калонсолон бояд эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем. Додани садақаи фитр ва умуман, ҳама гуна хайроту садақа дар моҳи шарифи Рамазон ҳамчун яке аз воҷиботи дини мубини ислом ба шумор меравад. Парҳезкорӣ ва лутфу эҳсон ба аҳли хонадон, хешу табор ва ҳамсояҳову ёру дӯстон, худдорӣ кардан аз амалҳои ношоиста, иҷрои корҳои хайру савоб ва арзишҳои дигаре ҳастанд, ки риояи онҳо дар ин моҳи муборак ба мусулмонон воҷиб дониста шудааст».
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби сарпарастони муассисаҳо барои бошандагон дастархонҳои идона ороста шуда, ба онҳо кумакҳои молӣ расонда шуданд.








ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд






