«ҲАЁТ БЕ МАВОДИ НАШЪАДОР!»- таҳти ин шиор имрӯз дар Душанбе ҳамоиш баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар майдони «800 солагии Москва»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар, ки ҳамасола 26 июн таҷлил карда мешавад, барномаи фарҳангию иттилоотӣ таҳти шиори «Ҳаёт бе маводи нашъадор!» баргузор мегардад.
Созмондиҳандагони чорабинии мазкур Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Муассисаи мазкур иттилоъ доданд, дар чорабинии зикргардида байни иштирокдорон гузаронидани озмуни расми беҳтарин ва радиовикторина дар назар аст, ки ғолибони он бо мукофотҳо сарфароз мегарданд. Ҳамчунин барои баландбардории сатҳи маълумотнокии аҳолӣ ба иштирокдорон маводҳои иттилоотӣ, ки аз ҷониби мутахассисони марказ нашр гардидааст таксим карда мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир, Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ, Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғуломов», Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии тиббию иҷтимоии «Тангаӣ» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» иштирок хоҳанд кард.
Ин чорабинӣ вобаста ба тақвияти пешгирии нашъамандӣ, инчунин ба баландбардории маърифатнокии аҳолӣ аз оқибатҳои бемории нашъамандӣ равона гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки истеъмоли маводи нашъаовар яке аз мушкилоти аксари мамлакатҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад. Бахусус ин мушкилот солҳои охир ба туфайли як қатор омилҳои манфие, ки ба нашъаманд шудани наврасон оварда мерасонанд, дар мамлакати мо низ ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Бемории нашъамандӣ оқибатҳои ногуворо ба миён оварда, шахси мубталои ин беморӣ ба марги нобаҳангом дучор мегардад. Истеъмоли моддаҳои тиракунандаи асаб метавонанд ба насли ояндаи миллат зарари манфӣ расонанд.








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






