БОЗ ЯК ХУШХАБАР! Баҳодур Усмонов дар Қазоқистон сазовори медали тилло гардид

Июнь 10, 2019 08:11

ДУШАНБЕ, 10.06.2019. /АМИТ«Ховар»/. Чемпиони Осиё-2019 оид ба бокс Баҳодур Усмонов  дар 11-умин  мусобиқаи байналмилалӣ, ки  ба хотираи Исатай Тайманов ва Махамбет Утемисов аз 4 то 8 июн дар шаҳри Атирауи Қазоқистон доир шуд,  сазовори медали тилло гардид.

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар»  хабар  дод.

Тибқи иттилои мабаъ, Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кг дар даври муқаддамотӣ ҳарифонашро аз Қазоқистон (2 нафар) ва Озарбойҷон мағлуб кард. Ӯ дар марҳилаи ниҳоӣ муштзани маъруфи қазоқро шикаст дода,  сазовори медали тилло гардид.

Бояд илова намуд, ки дар мусобиқаи мазкур  варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия ширкат доштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли равон ин сеюмин медали тиллои Баҳодур Усмонов мебошад. Ӯ моҳи феврал дар мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи Д. Шопоков дар Қирғизистон ва моҳи апрели соли равон  дар Чемпионати Осиё дар Тайланд медали тилло ба даст оварда буд.

 

Июнь 10, 2019 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад