Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Сангвор

Июнь 24, 2019 09:43
24.06.2019, ноҳияи Сангвор

Ҳамдиёрони азиз!

Мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо — роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми меҳмоннавозу шарафманди ноҳияи хушманзараи Сангвор дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ сурат мегирад.

Ба ин муносибат хурду бузурги ноҳияро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо саломативу сарбаландӣ ва рӯзгори хушу осуда орзу менамоям.

Бисту ҳашт сол аст, ки мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Сангвор ба шарофати  истиқлолият ва сулҳу суботи комил барои амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва таъмин намудани рушди босуботи кишвари маҳбубамон аҳлона заҳмат мекашанд.

Ҳарчанд ки аз замони таъсис ёфтани ноҳияи Сангвор ҳамагӣ беш аз ду даҳсола сипарӣ мешавад, вале боиси хушҳолист, ки аллакай имрӯз дар натиҷаи амалисозии барномаҳои давлатӣ ва азму талоши ватандӯстонаи сокинони он дар ҳамаи самтҳои муҳимми иқтисодиву иҷтимоии ноҳия пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.

Дар тӯли солҳои истиқлолият шумораи аҳолии ноҳия 2,3 баробар зиёд гардида, аз 10 ҳазор нафари соли 1991 ба 23 ҳазор нафар дар соли 2018 расидааст, ки ин нишонаи мунтазам беҳтар шудани сатҳи некӯаҳволии сокинон мебошад.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани пешрафти ноҳияи Сангвор дар замони истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ қариб 300 миллион сомонӣ равона шудааст, ки 90 миллиони он ба се соли охир рост меояд.

Имрӯз мо бо фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ, намоишгоҳи маҳсулоти соҳа ва самараи заҳмати ҳунармандони ноҳия шинос шуда, таассуроти нек бардоштем.

Чунонки медонед, имрӯзҳо тамоми қаламрави мамлакатамон ба ҷабҳаи бузурги созандагӣ мубаддал гардида, мардуми заҳматдӯст ва бонангу номуси кишвар ба хотири зебо гардонидани ҳамаи гӯшаву канораҳои Ватанамон саъю талоши бесобиқа карда истодаанд.

Дар ноҳияи Сангвор бо мақсади истиқболи шоистаи 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёду азнавсозии 77 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз сохтмони 15 иншоот ба анҷом расонида шудааст, вале бояд гуфт, ки ин нишондиҳанда ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Иҷрои Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сангвор барои солҳои 2013-2017 низ, ки дар доираи он бунёди 202 иншооту биноҳои нав пешбинӣ гардида буд, ҳамагӣ 22 фоиз таъмин гардидааст.

Бо дарназардошти чунин вазъ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадоранд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор захираву имкониятҳои ноҳияро ҳамаҷониба омӯхта, доир ба роҳҳои таъмин намудани тараққиёти ноҳия, аз ҷумла соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ ва бахшҳои хизматрасонӣ хулосаҳои худро ба Ҳукумати кишвар пешниҳод созанд.

Тайи солҳои 2016-2018 дар ноҳия дар доираи ду лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ доир ба тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва идоракунии экологии замин маблағи 12 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Ҳамчунин, дар ин давра дар доираи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи барқарорсозии баъдиҷангӣ барои азнавсозии инфрасохтори манзиливу коммуналӣ, рушди соҳаҳои кишоварзиву маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ 50 миллион сомонӣ равона гардида, татбиқи 2 лоиҳа ба маблағи қариб як миллион сомонӣ доир ба таъмиру таҷҳизонидани синфхонаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани шароити таълиму тарбия идома дорад.

Тибқи маълумот ҳоло дар ноҳия 715 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, ба онҳо аз ҷониби бонкҳои давлативу тиҷоратӣ ҳамагӣ 41 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 28 ҳазор сомонӣ ё 41 фоиз кам мебошад.

Ҳамчунин, аз ҳисоби Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як субъекти соҳибкории ноҳия 125 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.

Маблағи қарзҳои додашуда тамоман ночиз мебошад ва таъкид месозам, ки бо чунин тарзи муносибат рушди соҳибкориро таъмин кардан бисёр мушкил аст.

Бо сабаби он, ки соҳаи саноат аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини таҳким бахшидани иқтидори иқтисоди миллӣ ва омили асосии баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мебошад, дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии босуръат ба сифати ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон гардид.

Бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои бунёди корхонаҳои миёнаву бузурги саноатӣ, истихроҷу коркарди маъдан, маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ҳамин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва молу маҳсулоти содиротӣ ҳамаи иқдомоти зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Аммо дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ин масъалаи ниҳоят муҳим эътибори ҷиддӣ зоҳир карда намешавад ва чунин муносибат боиси аз кор бозмондани як қатор корхонаҳо мегардад.

Аз ҷумла дар ноҳияи Сангвор аз чор корхонаву коргоҳи истеҳсолии ба қайд гирифташуда ду корхона аз аввали соли ҷорӣ фаъолият намекунад, ки боиси нигаронӣ мебошад.

Роҳбарони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои фаъол гардонидани корхонаҳои мавҷуда ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии нав чораҳои саривақтӣ андешанд.

Ҳамчунин, роҳбарону масъулони ноҳия вазифадоранд, ки истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетиро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд ва барои пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо дар самти иҷрои қонунгузории андоз ва амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои доимӣ андешанд.

Тибқи маълумот ҳоло шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияи Сангвор ба 568 расидааст, аммо ҳамагӣ 5,3 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба онҳо тааллуқ дошта, ҳиссаи боқимондаи истеҳсол ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот соли 2017 ҳолати мелиоративии зиёда аз 200 гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар карда шудааст.

Боиси қаноатмандист, ки дар ду соли охир майдони кишти картошка 127 гектар ва ҳаҷми истеҳсоли он 17 ҳазор тонна зиёд  шудааст, ки чунин дастовард қобили дастгириву таҳсин аст.

Кишоварзони ноҳия имконият доранд, ки истеҳсоли картошкаро боз ҳам афзоиш диҳанд ва даромади бештар гиранд.

Занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Сангвор низ яке аз соҳаҳое мебошад, ки дар сурати тараққӣ додани он таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади аҳолиро таъмин кардан мумкин аст.

Вале бо вуҷуди бунёди боғҳои нав ва барқарор кардани боғҳои куҳна истеҳсоли мева ҳамагӣ 5 фоиз афзоиш ёфта, ҳосилнокӣ қариб 3 сентнер аз ҳар як гектар кам гардидааст.

Бо мақсади ислоҳи чунин вазъ, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бояд тадбирҳои мушаххас андешанд.

Табиати ноҳияи Сангвор барои парвариши чорво мусоид буда, дар ин ҷода бояд масъулон ҷиҳати ташкили хоҷагиҳои чорводорӣ ва зиёд намудани саршумори чорвои хушзот чораҷӯӣ намоянд.

Кам будани техникаи кишоварзӣ, сатҳи пасти дастрасии хоҷагидорон ба қарзҳои бонкӣ мушкилоти дигаре мебошанд, ки аз роҳбарони ноҳия ва Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикагролизинг” амалӣ намудани иқдомоти заруриро талаб мекунад.

Ҳозирини гиромӣ!

Тибқи маълумот дар давоми чор соли охир 847 нафар хатмкунандагони мактабҳои ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар, аз ҷумла 7 нафар ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ дохил шудаанд, ки ин натиҷаи дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Сангвор аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 44 бинои нави таълимӣ барои 6400 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Бо вуҷуди ин, то ҳол муассисаҳои таълимӣ бо ашёи зарурии таълимӣ ва кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ пурра таъмин нестанд, инчунин, норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон, таъмирталаб будани бинои як қатор мактабҳо ва набудани кӯдакистонҳо роҳбарони ноҳия ва Вазорати маориф ва илмро вазифадор месозад, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо барои бартараф кардани камбудиву мушкилоти зикршуда чораҷӯӣ намоянд.

Соли 2018 бинои маркази саломатии ноҳия ва се бунгоҳи саломатии ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Аммо то ҳол дар баъзе деҳаҳои дурдасти ноҳия як силсила мушкилоту масъалаҳо, аз қабили мавҷуд набудани марказҳои саломатӣ, норасоии мутахассисони соҳибихтисос ва таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ мушоҳида мешаванд, ки бояд ҳаллу фасл карда шаванд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангворро зарур аст, ки то ҷашни 30-солагиии истиқлолияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ мушкилоти мавҷударо бартараф намоянд.

Ноҳияи Сангвор дорои шароити мусоиди рушди соҳаи сайёҳӣ буда, табиати нотакрору манзараҳои нодир, намудҳои гуногуни ҳайвоноту наботот, гиёҳу чашмаҳои шифобахш, ҳунарҳои халқии он барои рушди саёҳати экологиву кӯҳнавардӣ ва омӯзишу истифодаи гиёҳҳои шифобахш хеле мувофиқ мебошад.

Яъне соҳаи сайёҳӣ яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ноҳияи Сангвор буда, мувофиқи мақсад аст, ки саҳми соҳибкорони ватанӣ ва сохтору мақомоти марбута дар самти ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, пеш аз ҳама, бунёди меҳмонхонаҳо ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ҳарчи бештар гардад.

Соли гузашта барои тамошои табиати зебо ва ошноӣ пайдо кардан бо расму ойин ва анъанаҳои мардумӣ ба ноҳия қариб панҷ ҳазор нафар сайёҳ, аз ҷумла беш аз якуним ҳазор сайёҳони хориҷӣ омадаанд, ки дар муқоиса бо соли 2017 хеле зиёд мебошад.

Ҳамдиёрони азиз!

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, бешубҳа, барои ғанӣ гардидани буҷети оилаҳо, беҳтар шудани вазъи моддии хонаводаҳо ва таълиму тарбияи насли наврас таъсири мусбат гузошта истодааст.

Ҳарчанд ки қонунҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ба хотири ҳимояи манфиатҳои мардум, беҳтар гардидани вазъи оилаҳо ва таъмин намудани суботу оромӣ дар ҷомеа қабул шудаанд, лекин то имрӯз ҳолатҳои зиёдаравӣ, исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву намоишкорӣ ба назар мерасанд.

Аз ин лиҳоз, роҳбарони ноҳия, комиссияҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва иҷрои ҳатмии талаботи қонунҳои миллӣ чораҳои саривақтӣ андешида, назоратро боз ҳам пурзӯр намоянд.

Бояд зикр кард, ки барои пешрафти бахшҳои гуногуни ҳаёти кишварамон садҳо нафар фарзандони ноҳияи Сангвор саҳми ватандӯстона гузоштаанд, ки имрӯз корномаи онҳоро афроди ватандӯст ва бонангу номуси ноҳия идома бахшида, барои пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона хизмат карда истодаанд.

Аз ин хотир, вазифаи роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадор аз он иборат аст, ки минбаъд низ мардум ва хусусан, наврасону ҷавононро ба ҳисси баланди миллӣ, ифтихор аз давлату миллат, таҳкими сулҳу субот, риояи қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, корҳои созандаву ободгарона ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намуда, ба иҷрои амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва тарбияи дурусти фарзандон роҳнамоӣ кунанд.

Бо дарназардошти вазъи ноором ва ниҳоят мураккаби ҷаҳони муосир ҳар яки мо бояд мавқеи устувори шаҳрвандӣ дошта бошем, ба шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ манфиатҳои милливу давлатиамонро ҳамеша ҳимоя кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшем.

Сол ба сол беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва болоравии масъулияти ватандориву ватансозии сокинон бори дигар эътимоди моро қавӣ месозад, ки танҳо бо ваҳдату ҳамбастагӣ ва заҳмати созандаву содиқона ба рӯзҳои аз ин ҳам нек хоҳем расид.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаи сохтмони иншооти ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пешбинигардида, хусусан, дар самти бунёди иншооти иҷтимоӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои тиҷорату хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Бовар дорам, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Сангвор тавассути заҳмати аҳлонаву содиқона барои иҷрои нақшаву ҳадафҳои неку созанда, ободу зебо намудани ноҳияи хушманзараи худ ва истиқболи шоистаи ҷашни бузурги сисолагии истиқлолияти давлатӣ дар оянда низ саҳми арзишманди хешро дареғ намедоранд.

Ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва тамоми сокинони меҳмоннавозу матиниродаи ноҳияи Сангворро бори дигар ба ифтихори  Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, бароятон барори кор ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.

Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Июнь 24, 2019 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд