Дар Бадахшон идоракунии хавфи офатҳои табииро меомӯзанд

Июнь 19, 2019 09:41

ХОРУҒ, 19.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Донишгоҳи тобистона оид ба идоракунии хавфи офтаҳои табиӣ» бо ширкати коршиносони масоили ҳифзи муҳити зист аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо, сардорони идораву муассисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  шурӯъ гардид. Ин давраи омӯзишӣ аз ду марҳила иборат аст. Марҳилаи аввал дар шаҳри Хоруғ ва марҳилаи дуюми он дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон баргузор мегардад.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файзи Мирасан иттилоъ медиҳад, раиси вилоят Ёдгор Файзов дар мулоқот бо иштирокдорони  ин  омӯзиш гуфт, ки «тағъирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист, ба зиндагии инсон яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир  маҳсуб мешавад. Технологияи муосир, ихтироъи ҳаргуна таҷҳизоту техника, маҳсулоти муосири биологӣ, кимиёӣ  аз як сӯ агар кори инсонро  осон  гардонад, аз ҷиҳати  дигар барои муҳити атроф, обу ҳаво хатари ҷиддӣ  эҷод мекунад. Иқлими ҷаҳон бо суръати каҳонӣ тағъир меёбад. Инро мо алъон бо чашми худ мушоҳида мекунем. Агарчӣ моҳи июн ба охир мерасад,  ҳарорати ҳаво дар водии Ғунди ноҳияи Шуғнон ҳамагӣ ба 10-12 дараҷа гармӣ расида, дар деҳаи Шаймоқи  ноҳияи Мурғоб бошад барф меборад ва ғафсии он 16 сантиметрро ташкил медиҳад».

Номбурда дар ин робита таъкид намуд, ки  ҳангоми  якбора баланд гардидани ҳарорати обу ҳаво  афзоиши офатҳои табиӣ, ба мисли селу тарма, сангчарху обхезӣ, лағзиши замину канда шудани сарбанди соҳилҳо аз эҳтимол дур нест.

«Аз ин рӯ, мо бояд тамоми донишу маҳорати худро ба кор барем, то  хисороти ҷонию молиро коҳиш диҳем. Сокиноне, ки дар мавзеъҳои хатарзо зиндагӣ мекунанд, бори дигар маҳали зисташонро мавриди таҳқиқу таҳлил қарор додан лозим аст. Агар хатаре ба онҳо таҳдид кунад, пас  мутахассисон онҳоро сари вақт аз  ин таҳдидҳо огоҳ намоянд», — афзуд  раиси вилоят.

Директори Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева чунин давраҳои омӯзиширо барои ҳамаи сардорони идораву муассисаҳои давлатӣ, намояндагони созмонҳои ҷамиятӣ, ризокорон барои дарёфти маълумоти бештар оид ба сабабҳои офатҳои табиӣ ва роҳҳои пешгирӣ намудани  онҳо  муҳим арзёбӣ менамояд. Онҳо имкон доранд дар давоми ду ҳафта бо коршинсони масоили муҳити зисти кишварҳои пешрафта мубодилаи афкор кунанд, таҷрибаи онҳоро омӯзанд ва дар лаҳзаҳои зарурӣ метавонанд аз онҳо истифода баранд.

Июнь 19, 2019 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд