Дар Тоҷикистон V Анҷумани «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 28.06.2019./АМИТ «Ховар»/. 12 августи соли равон дар ҷумҳурӣ V Анҷумани «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад. Дар Анҷумани мазкур фаъолияти солонаи маҳфил баррасӣ гардида, нақшаҳо барои соли хониши 2019-2020 тасдиқ мешаванд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин Анҷуман роҳбарони намояндагии маҳфил дар давлатҳои хориҷ, аъзои фаъоли он ва дигар масъулини соҳа иштирок менамоянд.
Ҳамзамон дар доираи баргузории ин Анҷуман ташкили як силсила чорабиниҳо, аз ҷумла конфронс, мизи мудаввар, тренинг ва машғулиятҳои омӯзишӣ дар назар дошта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» аз соли 2014 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар 16 давлати дунё намояндагии худро дорад. Маҳфили мазкур дар ҳамкорӣ бо намояндагии дипломатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат дар баррасии мушкилоти илмомӯзии донишҷӯёни тоҷик ва дигар масъалаҳои ба ҳаёти онҳо марбут, мусоидат менамоянд.
Алҳол шумораи аъзои маҳфил беш аз 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.








Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид






